Сатҳи таваррум 2,3 банди фоизӣ кам гардида, 5,1 фоизро ташкил намуд
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки сатҳи таваррум нисбат ба соли қаблӣ 2,3 банди фоизӣ кам гардида, 5,1 фоизро ташкил намуд.
“Бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, коҳиши талаботи дохилӣ ва даромаднокии аҳолӣ ба паст гардидани сатҳи таваррум дар кишвар мусоидат намуд. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 4,3 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 7,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 2,3 фоиз ба вуқуъ пайваст”,-афзуд раиси БМТ.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи «Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2015» нишондиҳандаи мазкур дар сатҳи 7,5 фоиз пешбинӣ гардида буд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






