Шаҳрдорӣ ба бозорҳо қарзи бефоиз ҷудо менамояд
Душанбе, 19.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- Барои пешгирӣ намудани тамоюли баландшавии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои пойтахт аз ҷониби шаҳрдории Душанбе мудохилаи молиявӣ гузаронида мешавад. Дар ин росто шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар моҳҳои оянда ба бозорҳои коммуналии пойтахт қарзи бефоиз ҷудо намояд. Ин тадбир бо мақсади ҷилавгирӣ аз баланд гардидани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, хусусан орд, шакар, равған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт, ки асосан соҳибкорон онҳоро аз хориҷи кишвар бо қурби асъори хориҷӣ ворид месозанд, андешида шудааст.
Сайфулло Амонов -сардори Раёсати иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки тибқи тасмими шаҳрдорӣ роҳбарони бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат» ва «Деҳқон» имкон доранд, бобати дастрас намудани қарзи бефоиз, ки шаҳрдории Душанбе аз буҷети пойтахт ҷудо менамояд, лоиҳаи тиҷоратии /бизнес-план/ худро таҳия намуда, унвонии шаҳрдорӣ пешниҳод намоянд. Бояд тазаккур дод, ки ироаи қарзҳои бефоиз ба бозорҳои коммуналии пойтахт дар шароити бӯҳрони молиявӣ дар як давраи молиявӣ пешбинӣ гардидааст. Интизор меравад, ки ин тадбир аз охирҳои моҳи феврал амалӣ гардонида шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






