Соли 2015 маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тавилдара зиёд гардид
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Тавилдара ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти он мебошад. Соли 2015 кишоварзон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 2658 гектар, аз ҷумла дар 1723 гектар ғалладонагӣ (гандум, ҷав, лўбиёӣ ва ҷуворимакка), 120 гектар сабзавот, 505 гектар картошка ва дар 34 гектар хўроки чорво кишт карданд. Дар ин сол 28 гектар боғи нав низ бунёд гардид.
Соли 2015 маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ ба 79,9 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2014- ум 2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ноҳия имконият дорад, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаро васеъ намояд. Бо ин мақсад Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара барои васеъ намудани картошказор тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Сол то сол саршумори чорво дар ноҳия зиёд мешавад. Чарогоҳҳои бешумор барои рушди соҳаи чорводорӣ имконият медиҳанд. Ҳоло саршумори чорвои калон ба 24 ҳазору 960 сар, чорвои майда 52 ҳазору 405 сар, асп 483 сар ва занбўри асал ба 11 ҳазору 950 оила расонида шудааст.
Дар ноҳия соҳаи занбўрпарварӣ рў ба тараққист. Аз парвариши занбўри асал сокинони ноҳия даромади хуб ба даст меоваранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






