Суҳбати телефонии намояндаи расмии Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 04.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Вобаста ба мураккаб гардидани вазъият дар миёни кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик роҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Могерини бо вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Одил ибни Аҳмад ал-Ҷубайро суҳбати телефонӣ анҷом дод. Тибқи хабари расмии Иттиҳоди Аврупо. Федерика Могерини зимни суҳбати телефонӣ даъват кардааст, ки аз ҳамаи амалҳое, ки ба авҷ гирифтани тааддӣ дар минтақа ва берун аз он оварда мерасонанд, канораҷӯӣ шавад. Федерика Могерини таъкид кардааст, ки аз ҳамаи пешвоёни минтақа дар ин вазъияти зудтағйирёбанда муносибати ҷиддиро интизор мебошад.
Тибқи хабарҳои расида роҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Могерини ҳамчунинн бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф низ суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Мувофиқи иттилои расмии Иттиҳоди Аврупо зимни суҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон «ҷонибҳо иқрор шуданд, ки барои таҳти назорат нигоҳ доштани вазъият истифодаи тамоми имкониятҳо зарур мебошад ва ба авҷ гирифтани ихтилофи мазҳабӣ бояд роҳ дода нашавад».
Могерини таъкид кардааст, ки таъмини бехатарӣ, амният ва суботи минтақа, ки аллакай ба таҳдидҳо рӯ ба рӯ шудааст, моро бетараф гузошта наметавонад. «Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои пешқадами минтақа барои пайдо кардани роҳи ҳалли бӯҳрони сиёсии Сурия ва муттаҳид намудани ҷаҳду талошҳо ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ фаъолона кор бурда истодаанд ва ин фаъолият набояд бо пайдо шудани ихтилофи нав ва бесуботӣ барҳам зада шавад», — чунин иқтибосро РИА Новости аз изҳороти расмии Иттиҳоди Аврупо овардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






