Таъмири наздик ба 300 км роҳ дар ноҳияи Б.Ғафуров дар соли 2015
Б.Ғафуров. 12.01.2016. (АМИТ “Ховар”).- Дар соли сипаригаштаи 2015 дар ноҳияи калонтарини шимоли кишвар- Бобоҷон Ғафуров дар самти иҷрои барномаи вилоятии “Соли 2015 — соли идомаи роҳҳои обод” ҳолати наздик ба 300 км роҳҳои ноҳия беҳ карда шуд.
Тавре ки зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, соли 2015 аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ва ҷалби сармояҳои соҳибкорон ва аҳолӣ аз таъмир баровардани 253,2 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, дар амал дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 293 км роҳҳои ноҳия таъмир шуданд. Аз ҷумла, 21,59 км роҳҳо пурра мумфарш, 167,9 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, зиёда аз 103,46 км роҳ шағалпӯш карда шуданд. Дар умум баҳри амалишавии корҳои мазкур аз буҷаи маҳаллӣ зиёда аз 11,8 млн. сомонӣ равона гардидааст.
Дар миқёси вилояти Суғд соли 2015 дар доираи барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3630,2 км роҳҳои мошингард, аз ҷумла 221 км таъмири асосӣ, 1442,3 км таъмири ҷорӣ ва 1966,4 км шағалпӯш карда шуданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014 — 29,9% зиёд аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






