Татбиқи лоиҳа дар доираи созишномаҳои байниҳизбӣ

Январь 14, 2016 15:15

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамкориҳои байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Хитой дар доираи созишномаи ҳамкорӣ, ки чанд сол қабл ба имзо расида буд, густариш меёбанд.

Як сол қабл бо дастгирии ҲХДТ ва ҲКХ созишномаи сеҷониба миёни Ташкилоти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан», Фонд оид ба сулҳ ва тараққиёти Хитой ва Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба расонидани кўмаки техникӣ дар ҳаҷми зиёда аз 300 ҳазор доллари ИМА ба имзо расида буд.

Имрўз дар Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ маросими муаррифии татбиқи лоиҳа бо иштироки намояндагони сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, ҲХДТ, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» роҳбарият ва кормандону донишҷуёни  донишгоҳ доир гардид.

Зимни муаррифии лоиҳа зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои техникии сеҷониба донишгоҳ акнун соҳиби синфҳонаҳои нави лингофонӣ, матбаа, синфхонаҳои лабораторӣ, компютерӣ ва омўзиши забонҳои хориҷию фании  муҷаҳҳаз бо васоити муосири техникӣ гардид. Ин имконият медиҳад, ки сифати таълим дар ин даргоҳи илму маърифат боз ҳам беҳтар гардид.

Бояд иброз намуд, ки  лоиҳаи мазкур дуюмин мебошад, ки дар доираи ҳамкориҳои байниҳизбӣ  амалӣ карда мешавад, зеро як сол қабл дар Литсей- интернати Президентӣ барои кўдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин лоиҳа татбиқ гардида буд.

Январь 14, 2016 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд