Татбиқи лоиҳа дар доираи созишномаҳои байниҳизбӣ
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамкориҳои байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Хитой дар доираи созишномаи ҳамкорӣ, ки чанд сол қабл ба имзо расида буд, густариш меёбанд.
Як сол қабл бо дастгирии ҲХДТ ва ҲКХ созишномаи сеҷониба миёни Ташкилоти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан», Фонд оид ба сулҳ ва тараққиёти Хитой ва Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба расонидани кўмаки техникӣ дар ҳаҷми зиёда аз 300 ҳазор доллари ИМА ба имзо расида буд.
Имрўз дар Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ маросими муаррифии татбиқи лоиҳа бо иштироки намояндагони сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, ҲХДТ, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» роҳбарият ва кормандону донишҷуёни донишгоҳ доир гардид.
Зимни муаррифии лоиҳа зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои техникии сеҷониба донишгоҳ акнун соҳиби синфҳонаҳои нави лингофонӣ, матбаа, синфхонаҳои лабораторӣ, компютерӣ ва омўзиши забонҳои хориҷию фании муҷаҳҳаз бо васоити муосири техникӣ гардид. Ин имконият медиҳад, ки сифати таълим дар ин даргоҳи илму маърифат боз ҳам беҳтар гардид.
Бояд иброз намуд, ки лоиҳаи мазкур дуюмин мебошад, ки дар доираи ҳамкориҳои байниҳизбӣ амалӣ карда мешавад, зеро як сол қабл дар Литсей- интернати Президентӣ барои кўдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин лоиҳа татбиқ гардида буд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






