То ҷашни 25-солагии Истиқлолият Чойхонаи миллии ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор мегирад
Душанбе, 22.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).-То ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Чойхонаи миллии ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар ин бора муовини раиси Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Иброҳим Гулов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Ҳ. Гулов ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин чойхона идома доранд ва он то рӯзи ҷашн пурра ба истифода дода мешавад. Мавсуф зикр намуд, ки барои сохтмони ин чойхона 1 млн. 900 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар робита ба ин раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохтмони бинои «ТУйхона» дар маркази ноҳияи Зафаробод ва сохтмони бозор дар ноҳияи Восеъро ба нақша гирифтааст.
Ҳоло сохтмонҳои бозори ноҳияи Восеъ ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ, тарабхона ва тӯйхона дар ноҳияи Зафаробод бо харҷи 257,6 ҳазор сомонӣ идома доранд.
Соли 2015 дар ҳудуди бозори ноҳияи Шаҳристон 18 дӯкони тиҷоратӣ ва бо 30 ҷойи кор ба маблағи 301 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар соли 2016 низ сохтмони дӯконҳои тиҷоратӣ ва афзун намудани ҷойҳои корӣ дар ҳудуди бозори ноҳияи Шаҳристон идома дода мешавад.
Ҳамаи ин бунёдкориҳо имконият дод, ки дар соҳаи матлуботи ҷумҳурӣ сатҳи некӯаҳволии кормандон баланд гашта, музди меҳнати онҳо зиёд гардида, барои 353 нафар ҷойи кор муҳайё шавад.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






