«Тоҷик Эйр» соли 2015-ро бо фоида ҷамъбаст кард?!
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2016/01/AEROPORTI-DU.jpg)
Душанбе, 19.01.2016 (АМИТ «Ховар») – 30-юми майи соли 2015 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 363 «Дар бораи таъсиси ҷамъияти саҳҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон» содир гардид. Мувофиқи қарори мазкури Ҳукумати мамлакат ба ҷамъияти саҳҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон» ҳуқуқи идоракунии фаврии бастаҳои саҳмияҳои давлатии ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вогузор карда шуд.
Вобаста ба фаъолияти якҷояи ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ки ҳарду ҷамъият ҳоло дар ҳайати ҷамъияти саҳҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон» қарор доранд, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Халиков мусоҳибаи кӯтоҳ баргузор намуд.
АМИТ «Ховар»: Агарчи аз муттаҳид намудани фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» муддати зиёд нагузашта бошад ҳам, метавон аз натиҷаҳои нахустини ин тадбири иқтисодӣ хулосагирӣ кард. Бигӯед, фаъолияти якҷояи ду ширкати ватанӣ дар соҳаи хизматрасонии авиатсионӣ чӣ натиҷаҳо доданд, оё ин қарори Ҳукумати мамлакат дурусту саривақтӣ буд?
Рустам Халиков: Воқеан ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини идораи самараноки фаъолияти иқтисодию молиявии ҶСК «Тоҷик Эйр» оид ба муттаҳидшавии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Тоҷик Эйр» қарор қабул кард. Натиҷаҳои нахустини фаъолияти якҷояи ду ширкати ватанӣ комилан дуруст ва саривақтӣ будани иқдоми мазкури ҳукумати мамлакатро бараъло нишон дод. Дастовардҳои иқтисодию молиявии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар нимсолаи дуюми соли 2014, яъне баъд аз он, ки ба ӯҳдаи директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иҷрои ваколатҳои директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» вогузор гардид, хеле назаррас мебошанд. Аз ҷумла, ҳаҷми мусофиркашонии ҶСК «Тоҷик Эйр» ба андозаи 36 ҳазору 900 мусофир ва даромад ба андозаи 149 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд шуданд. Агар дар нимсолаи якуми соли 2014 зарари воқеии ҷамъият 25 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил карда бошад, дар нимсолаи дуюм ҷамъият на ин ки зарар надид, балки дар ҳаҷми 42 миллиону 400 ҳазор сомонӣ фоида ба даст даровард.
АМИТ «Ховар»: Мувофиқи маълумотҳо яке аз омилҳои муттаҳид намудани ду ҷамъияти саҳҳомӣ аз муфлисшавӣ дар амон нигоҳ доштани ширкати ватании «Тоҷик Эйр» ва дар шароити мураккаби бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ба корхонаи фоидаовар табдил додани он, минбаъд такон бахшидан ба рушди иқтисодии ширкат будааст. Бигӯед, ки нишондиҳандаҳои ширкати «Тоҷик Эйр» дар ин самт чӣ гуна аст?
Рустам Халиков: Ҷиҳати муқоиса ва исботи дурустии тасмими Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба муттаҳидшавии ҷамъиятҳо бояд зикр намоем, ки агар дар соли 2012 зарари воқеӣ 35 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас фоидаи бадастовардаи ҷамъият дар соли 2014 ба 16 миллиону 600 ҳазор ва дар соли 2015 ба 12 миллиону 100 ҳазор сомонӣ баробар аст. Маблағи андози ба буҷети ҷумҳурӣ воридшуда ба андозаи 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, андоз аз даромад ба андозаи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ афзуд. Аз даромади ҷамъият ба буҷети ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2013 дар соли 2014 беш аз 2 миллиону 200 ҳазор ва дар соли 2015 зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ андоз пардохт шуд. Ба ҳолати якуми январи соли 2016 қарзи кредитории ҷамъият назар ба якуми январи соли 2014 ба маблағи 264 миллиону 100 ҳазор сомонӣ кам гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар ду соли охир ҶСК «Тоҷик Эйр» ба феҳрасти ширкатҳое, ки парвозҳояшон бехатар арзёбӣ мешаванд, ворид шудааст. Ин баҳогузориро тораи мустақили бритониёии Airlinerating.com аз соли 2013 инҷониб дар байни 407 ширкати ҳавопаймоии дунё мегузаронад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар шароити кунунии бӯҳрони иқтисодӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» тавонист ҳузури худро дар бозори интиқолоти ҳавоӣ тақвият диҳад, ҳол он ки дар дигар кишварҳо баъзе ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ хисороти зиёд дида, муфлис шуданд. Аз ҷумла, дар соли 2015 дуюмин ширкати бузурги Федератсияи Россия – ширкати «Трансаэро» фаъолияташро пурра қатъ намуд. Ширкатҳои дигари бузурги русиягӣ «Аэрофлот» ва «ЮТэйр» миллиардҳо рубл зарар дида, аз ҳукумати Федератсияи Россия пуштибонии молиявӣ дархост карданд.
АМИТ «Ховар»: Кадом нақшаҳо ва ҳадафҳои муфиди иқтисодӣ дар назди ҷамъияти саҳҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон» гузошта шуда, кадом омилҳо боиси халалдор шудани фаъолияти ширкатҳои ватанӣ мебошанд?
Рустам Халиков: Ҳукумати мамлакат барои дастгирии фаъолияти иқтисодии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Тоҷик Эйр» тамоми шароит ва имкониятҳои заруриро барои мо фароҳам овардааст. Тавре ки гуфтам, давоми якуним соли фаъолияти якҷоя мо ба дастовардҳои хуби иқтисодӣ ноил шудем. Чунончи, санҷиши гурӯҳи корӣ, ки аз 21-уми декабри соли 2015 то 4-уми январи соли равон доир гардид ва ба он намояндагони масъули вазоратҳои савдо ва рушди иқтисод, молия, нақлиёт, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози ҷумҳурӣ шомил буданд, дар хулосаи санҷиши гурӯҳи корӣ муваффақиятҳои ширкатҳои ватании «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва «Тоҷик Эйр»-ро дарҷ карданд. Мутаассифона, баъзе расонаҳо бо мақолаҳои ғаразнок ва пур аз бӯҳтону иғво кӯшиш мекунанд, ки фаъолияти ширкатҳои ватании «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва «Тоҷик Эйр»-ро бе асосу бе далел сиёҳ кунанд ва бо ин амали худ мехоҳанд имиҷи ширкатҳои ватаниро доғдор намоянд. Бояд таъкид сохт, ки ба фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати «Тоҷик Эйр» ҳам аз тарафи мутахассисони хориҷӣ ва ҳам аз тарафи коршиносони ватанӣ баҳои баланд дода шудааст. Дар наздиктарин мўҳлат ба хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» оид ба ин муваффақиятҳо ва баҳогузориҳои мутахассисон маълумотҳои иловагиро пешниҳод менамоем.
АМИТ «Ховар»: Мунтазири мусоҳибаи муфассал бо Шумоем.
Рустам Халиков: Саломат бошед, албатта, барои хонандагони АМИТ «Ховар» дастовардҳои беҳтарини иқтисодии Ҷамъияти саҳҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ хоҳем кард.