Туркия ва Русия ба иштироки курдҳо дар музокирот оид ба Сурия зид нестанд
Анқара, 27. 01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Музокирот оид ба Сурия дар Женева ба 29 январ ба таъхир гузошта шуд. Сарфи назар аз кӯшишҳои Русия ва ИМА зиддияти байни бозингарони асосии сиёсӣ дар минтақа сабаби ба таъхир гузоштани музокирот гардид. Коршиносон ба он боваранд, ки Маскав ва Вашингтон бояд мавқеи қавитарро пеш гиранд, то дигар кишварҳо ин музокиротро беэътибор накунанд.
«Русия барои иштироки курдҳо дар музокирот оид ба Сурия исрор нахоҳад кард, вале гузаронидани ин музокирот бе курдҳо хатои маҳз аст»,- мегӯяд вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.
Ба гуфтаи Сергей Лавров курдҳо тақрибан 15% -и аҳолии Сурияро ташкил медиҳанд.
«Даъват накардани ин гурӯҳ хатои ҷиддӣ аст ва мо инро манъ карда наметавонем. Ин ҳуқуқи Стаффана де Мистура аст. Ӯ бояд масъулияти худро дарк кунад ва набояд пушти Русия ва Иёлоти Муттаҳида пинҳон шавад. Ва ӯ албатта, набояд дунболи шахсоне равад, ки бар хилофи мо мехоҳанд фаъолияти гурӯҳи байналмилалии дастгирии Сурияро манъ кунанд”,- гуфт мавсуф рӯзи сешанбе зимни нишасти матбуотӣ.
Дар навбати худ, Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Аҳмад Давутоглу дар мусоҳибааш ба CNN International дар мавриди иштироки курдҳо дар музокирот оид ба Сурия гуфт: «Музокирот оид ба Сурия бидуни иштироки курдҳо ғайриимкон аст. Аммо ба созмони террористии курдиву суриягии Ҳизби Иттифоқи демократӣ (PYD) он ҷо ҷой нест” — таъкид кард Давутоглу.
«Мо ҷонибдори иштироки курдҳо дар ин музокирот ҳастем. Бе иштироки онҳо ин гуфтушунид мукаммал нахоҳад буд. Аммо ин ба ташкилоти террористии PYD дахл надорад», — гуфт Давутоглу.
Дар мавриди он ки Иттиҳоди Аврупо ва Туркия ин гурӯҳҳоро чун ташкилоти террористӣ эътироф мекунанд, аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боз бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд, Аҳмад Давутоглу зикр намуд, онҳое, барои вуҷуд доштани ташкилотҳои террористӣ гӯиё заминаи ҳуқуқӣ доранд, берун аз воқеияти минтақа зиндагӣ мекунанд. Тавре ки “Взгляд” менависад, дар музокирот оид ба Сурия, ки охирҳои январ дар Женева ба нақша гирифта шудааст, назар ба ҷавоб саволҳо бештар ба миён меоянд. Музокираи дар рӯзи қаблан муайяншуда, яъне 25 январ он баргузор нагардид. Рӯзи душанбе, Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри изҳори умед намуд, ки масъалаи рузи гузаронидани музокирот дар ду рӯзи наздик муайян карда мешавад. Ҷ.Керри афзуд, ки вай бо намояндаи махсуси СММ оид ба Сурия Стефан де Мистура дар масъалаи то ҳал шудани ихтилофот аз фиристодани даъватнома барои иштирок дар музокирот, худдорӣ кардан розӣ ҳаст. Панҷшанбеи гузашта Керри иброз дошт, ки музокирот оид ба Сурия дар Женева аз сабаби “мушкилоти тадорукот” (таъминот) ба як ё ду рӯз мавқуф гузошта мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






