Ваҳдат: Чаро корхонаи дӯзандагии «Ёқут» аз фаъолият бозмонд?

Январь 12, 2016 11:00

Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Ваҳдат дар мавриди ҷамъбасти нишондиҳандаҳои хоҷагии шаҳри Ваҳдат дар соли 2015 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои муовини раиси шаҳр Азизода Бобишо дар соли 2015 бинои мактаб бо маблағи 8 миллион сомонӣ ва боз ду бинои мактаб яке дар деҳаи дурдасти Яфраки ҷамоати деҳоти Ромит барои 300 хонанда дар ду баст бо маблағи 1 миллиону 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ, дуюмӣ дар деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов барои 480 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. “Ҳамчунин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷамоати деҳоти Гулистон ду кӯдакистони хусусӣ мавриди истифода қарор ёфт ва бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои азими истеҳсолӣ, ба монанди корхонаи коркарди металлҳои рангаи ҶДММ «Пакрут» ва ҶДММ «Тоҷ чайна» ба фаъолият оғоз бахшиданд”,-илова намуд Азизода Бобишо.
Рӯзноманигорон дар мавриди аз фаъолият бозмондани корхонаи дӯзандагии «Ёқут» ва бекор гардидани кормандони он, набудани майдончаҳо барои бозии кӯдакон дар назди сохтмонҳои баландошёна ва таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба буҷаи шаҳри Ваҳдат маълумот гирифтанд.
Дар мавриди мушкилоти набудани Терминали мусофиркашонии хатсайри Файзобод-Ваҳдат ва Ваҳдат-Душанбе масъулин иброз доштанд, ки то кушодани терминали Сайёд муваққатан дар назди корхонаи «Ёқут» терминали мусофиркашӣ кушода шудааст.
Таъкид шуд, ки хушбахтона, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сафи 57 ҷавони фиребхӯрдаи ноҳия дигар нафаре илова нагардид.

Январь 12, 2016 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид