Вазорати тандурустӣ: Соли 2015 бемориҳои вабо, тоун, табби хунин ва лептоспироз ба қайд гирифта нашуд

Январь 13, 2016 11:31

Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар Тоҷикистон дар соли 2015 бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо, тоун, табби хунин ва лептоспироз ба қайд гирифта нашуда, дар давоми соли 2015 нишондиҳандаҳои бемориҳои тавассути об гузаранда, тавассути ваксина идорашаванда, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, вараҷа ва аз ҳайвонот ба одам гузаранда нисбат ба соли 2014 паст шудаанд, ки ин аз натиҷаи чорабиниҳои зиддиэпидемикии саривақтӣ гувоҳӣ медиҳад. Ин нуктаро имрӯз 13 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт Лола Бобоҳоҷиева, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъкид дошт.
Бино ба иттилои муовини авали вазир дар давраи сипаригардида бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар шаҳри Турсунзода Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Вежа фармасевтикалс” ба истифода дода шуд.

Январь 13, 2016 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард