ВКХ ҶФО: Олмон масъалаи коҳиш додани теъдоди гурезаҳоро баррасӣ менамояд
Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати ҶФО масъалаи коҳиш додани теъдоди гурезаҳои ба кишваромадаро баррасӣ менамояд. Роҳбари ВКХ ҶФО Франк Валтер Штайнмайер 21 январ дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натоиҷи гуфтушунид бо вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Витолд Вашиковский дар ин бора хабар дод.
«Ҳукумат мефаҳмад, ки мо бояд дар давоми сол теъдоди муҳоҷиронро нисбат ба соли 2015 коҳиш диҳем. Мо саъй мекунем, ки дар сатҳи миллӣ шароите фароҳам орем, ки теъдоди гурезаҳо коҳиш ёбад. Мо ду қонунро қабул карда, қонуни сеюмро таҳия менамоем. Вале фаъолияти миллиамон то ҳол кифоят намекунад», — гуфт Штайнмайер.
Ба гуфтаи мавсуф, барои мубориза бо бӯҳрони муҳоҷират иқдомоти умумии аврупоӣ, ҳифзи сарҳадот, ташкили бунгоҳҳои қабули муҳоҷирон заруранд. «Ҳамчунин мувофиқа бо Туркия муҳим аст, зеро он дар амри пайдо намудани роҳ ба сӯи Аврупо кишвари асосӣ ба шумор меравад», — гуфт ӯ. «Ҳақиқат он аст, ки мардум аз ҷангу зӯроварӣ рӯ ба гурез овардааст», — изҳор дошт Штайнмайер. Мавсуф ҳамзамон зарурати ҳалли ихтилофотеро, ки боиси афзоиши мавҷи муҳоҷирон мегарданд, таъкид сохт. Штайнмайер ба тасмими сарвари давлат дар бораи дидани бархе чораҳо барои хеле коҳиш додани теъдоди гурезаҳо дар кишвар дахл карда, изҳор дошт, ки ин лоиҳа дар марҳалаи тарҳрезӣ қарор дорад.
«Фикр мекунам, камина мақсадҳои дар ин ҳуҷҷат зикрёфтаро мефаҳмам, вале чӣ тавр дар амал татбиқ шудани онҳо маълум нест», — гуфт ӯ. «Фикр мекунам, ки дар худи Австрия ҳам мубоҳиса идома дорад, бинобар ин гуфтани он, ки ин қарорҳо барои Австрия ва вазъи сарҳадоти он кадом оқибатеро ба бор меоранд, ҳанӯз барвақт аст», — афзуд вазири Олмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






