Волидайн масъуланд, то аз Интернет истифода намудани фарзандонашонро назорат намоянд
Душанбе, 22.01.2016.(АМИТ „Ховар“).- Минбаъд дар ҷумҳурӣ падару модарон ҳуқуқ доранд, ки аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ оид ба истифодаи хизмати алоқаи барқӣ, хусусан сомонаҳои интернетӣ аз сӯи фарзандонашон ройгон маълумот гиранд. Дар ин росто вакилони Парлумони Тоҷикистон 22 январ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи алоқаи барқӣ“ иловаҳо ворид намуданд.
Нуриддин Саид -вазири маориф ва илми кишвар, ки лоиҳаи қонунро дар Парлумон шарҳ дод, таъкид кард, ки иловаҳо ба қонуни мазкур бо мақсади тақвияти назорат аз болои фарзандон аз сӯи волидайн дар мавриди истифодаи алоқаи барқӣ, хусусан сомонаҳои интернетие, ки дар онҳо зӯроварию фаҳш, ифротгароию терроризм ва дигар зуҳуроти нангин тарғиб мегарданд, ворид карда шудааст. Ворид намудани иловаҳо ба қонуни мазкур дар тарбияи насли наврас ва аз ҷониби волидайн пурзӯр намудани назорати истифодаи интернет аз сӯи фарзандонашон нақши муҳим мебозад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






