Ю.Бин: «Чин хостори ҳар чи бештари таҳкими равобит бо Тоҷикистон аст»
Душанбе, 28.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дурнамои равобити гунонунсоҳаи Тоҷикистону Чин имрӯз дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Юе Бин -сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров ба дипломати чинӣ роҷеъ ба фаъолияти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон маълумот дода, зикр кард, ки ҳамкорӣ байни Парлумони Тоҷикистон ва Маҷлиси Умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз пеш густариш ёфта, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парлумони Чин таъсис шудааст.
Бо дахли равобити ҳасанаи ду кишвари ҳамҷавор Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки миллати тоҷик ба мавқеи Чин барои эътирофи кишвари мо ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол баҳои баланд медиҳад. Чин ягона кишвари абарқудрат буд, ки аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва равобити дипломатӣ барқарор намуд». Раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки: «бо таваҷҷуҳ ба иқтидори бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва соҳиби таҷрибаи ғании навсозӣ будани кишвар, қабл аз ҳама, вобаста ба гузариш ба муносиботи бозорӣ, Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзишмандро ишғол менамояд». Таъкид шуд, ки алҳол дар Тоҷикистон бо кумак ва сармояи Чин беш аз 100 тарҳи муштарак дар бахшҳои иқтисод, бахусус дар заминаи энергетика ва коммуникатсия дар ҳоли иҷро қарор доранд. То кунун дар Тоҷикистон 500 корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин фаъолият менамоянд.
Мусоҳибон зимни мулоқот доир ба тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар арсаҳои мухталиф-иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, амният ва илму фарҳанг ибрози назар намуданд.
Дипломати Чин Юе Бин дар навбати худ аз сатҳи ҳамкории кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар заминаи амниятиву низомӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт,
ки Чин дорои зарфиятҳои бештари таҳкими равобит бо Тоҷикистон мебошад ва ин кишвар ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфиятҳо барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд.
Мавсуф ҳамчунин тақвияти муносиботи кишварашро дар бахши парлумонӣ ва низомиву амниятӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният ва сулҳу субот дар кишварҳои якдигар ва ҳифзи марзи муштарак муҳим арзёбӣ кард.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






