Зиёрати оромгоҳи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)
Душанбе, 06.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи сафари расмӣ ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, баъди тавофи хонаи Каъба ва адои ҳаҷи умра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Макка ба шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ташриф овард.
Дар ин ҷо Пешвои миллати тоҷик дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммадро (с) зиёрат кард.
Мавриди зикр аст, ки ҳар як бандаи муъмин, онҳое, ки маросими ҳаҷи фарзӣ ва умраро ба ҷо меоранд, дар шаҳри Мадина оромгоҳи паёмбари исломро ҳам зиёрат мекунанд.
Шаҳри Мадина яке аз шаҳрҳои зебои сарзамини муқаддаси Арабистони Саудӣ ва макони 2 — юми зиёрати аҳли ислом — мусулмонони ҷаҳон аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ дар масҷиди набавӣ низ дар назди равзаи пайғамбари ислом ду ракъат намози нафл хонда, барои осудагии мардуми шарафманди тоҷик ва шукуфоии Тоҷикистони азиз дуову фотеҳаи нек кард.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати неку бобарори хориҷӣ ва робитаҳои судманди ду кишвар якҷоя бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷи шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд.
Ҳамин аст, ки ҳамасола садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои ҳаҷ ва умра ба шаҳрҳои Маккаву Мадина омада, хонаи Каъбаро тавоф ва равзаи пайғамбари исломро зиёрат мекунанд.
Баъди зиёрати Равзаи Пайғамбари ислом Муҳаммади Мустафо (с) дар шаҳри Мадина сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.
Мавриди зикр аст, ки мулоқоту музокироти сатҳи олии роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми ин кишвар, баррасии масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, инчунин имзои як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ аз натиҷаҳои бобарори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз 2 то 5 январ дар шаҳрҳои Риёз, Ҷидда, Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ ҷараён гирифт.
Рӯзи 5 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба Ватан баргашт.

















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






