10 соли маҳрумият аз озодӣ барои қаллобӣ

Февраль 29, 2016 15:52

Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба М. Б. бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Суд муайян намуд, ки аввалҳои моҳи октябри соли 2014 М.Б. тавассути ҷиянаш Қурбонова Моҳира Бобохоновна, ки дар маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» фаъолият менамояд, бо роҳбари маркази мазкур Р.С. шинос шуда, худашро ҳамчун соҳибкор муаррифӣ намудааст. Ӯ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бо роҳи фиреб аз бовари Р.С. суиистифода намуда, бо баҳонаи равнақ додани тиҷораташ ва дар оянда тақсим намудани фоидаи ба дастомада, аз номбурда дар шаш ҳолат, дар утоқи кории Р.С., воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимова 64/8, ҷамъ ба маблағи умумии 41000 (чилу як ҳазор) доллари ИМА, мутаносибан бо қурби пули миллии дар моҳҳои ҷиноятсодиршуда баробар ба 208 496 (дусаду ҳашт ҳазору чорсаду наваду шаш) сомониро мегирад. Н.М. бо маблағҳои бо роҳи қаллобӣ ба даст овардааш қонеъ нашуда, кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, бо Р.С. тавассути телефон дар тамос шуда, ба ӯ мегӯяд, ки агар 6000 (шаш ҳазор) доллари ИМА-ро дар муҳлати 1-2 шабонарўз надиҳад, тиҷорати мекардааш барбод рафта, ҳамаи пулҳои қаблан додаи ӯ месӯзанд. Р.С., ки дар доми фиреби судшаванда афтида, аз кирдорҳои қаллобии ӯ бехабар буд, боз ба ӯ бовар карда, рӯзи 22 феврали соли 2015 ба дасти писараш Забиров Бузургмеҳр Зоҳирович 6000 (шаш ҳазор) доллари ИМА-ро ба М.Б. равон мекунад. М.Б. дар назди Маркази савдои «Хуросон», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев аз дасти Забиров Б. маблағҳои мазкурро гирифта, дар ягон тиҷорат сарф накарда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Суд М.Б. ро бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ҳисобида, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва молию пулӣ ба муҳлати 5 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин намуд.

Февраль 29, 2016 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад