1678 ҷинояти коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд ошкор шуд, ки 510 ҳолати онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд
Душанбе, 2.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 1678 ҷинояти коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд ошкор шуд, ки 510 ҳолати онро ҷиноятҳои вазнин ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 207 ва 72 ҷиноят зиёд мебошад»,-зикр намуд, Аламхон Наимӣ, муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи роҳбарияти агентӣ, аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-80 ҷиноят, вилоятҳои Хатлон-477, Суғд-481, шаҳри Душанбе-383 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-257 ҷиноят рост меояд.
Зарари молиявӣ аз рӯи ҷиноятҳои ошкоргардида 269 миллион сомониро ташкил дода, дар ҷараёни санҷишу таҳқиқ — 55 миллион сомонӣ барқарор гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






