Абдураҳим Қаҳҳоров Евгений Сисоевро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — 17-уми феврали соли 2016 котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров директори Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Сисоев Евгений Сергеевичро ба ҳузур пазируфт.
Вохўрии мазкур хусусан дар партави воридшавии аъзои нав ба СҲШ ва яке аз афзалиятҳои дараҷаи аввал ба ҳисоб рафтани мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ дар доираи созмон, барои баррасии мушкилоти мавҷудаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узв амри зарурӣ ва саривақтӣ арзёбӣ шуд.
Самарабахшии фаъолияти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва густариши ҳамкории гуногунҷабҳа дар раванди дастгирии сулҳу амният ва субот дар минтақа, фаъолнокии ин механизми мубориза бо хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ низ аз мавзўъҳои муҳими суҳбат буд.
Аз ҷониби котиби Шўрои амният бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки сол аз сол асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳамкории амалии давлатҳои аъзои СҲШ дар муқовимат бо таҳдиду хатарҳо такмил ёфта истодаанд, ки дар таъмини натиҷабахши раванди мазкур мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои созмон ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ бояд нақши созгор дошта бошанд.
Дар навбати худ Сисоев Е.С. барои қабули самимӣ ва сатҳи баланд аз котиби Шўрои амният сипосгузорӣ намуда, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти дахлдори кишварҳои узв омодагӣ изҳор намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






