Академияи ВКД: мизи мудаввар оид ба ислоҳоти милитсия
Душанбе, 4.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар маҷлисгоҳи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ мизи мудаввар доир гардид.
Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки дигаргуниҳои самти мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ зарурати ислоҳот ва рушди милитсияро ба миён оварданд.
Бо мақсади ислоҳоти милитсия ҳанӯз соли 2011 Президенти кишвар дастур дода буд, ки санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия шаванд.
Вазифаи муҳимтарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин тарбияи кадрҳои баландихтисос мебошад ва дар ин самт се ҳуҷҷати муҳим- «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020», «Барномаи рушди ислоҳоти милитсия» ва «Нақшаи амаликунонии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» таҳия ва қабул шуданд.
Бо дастгирии САҲА ва баҳодиҳии мақомоти корҳои дохилӣ Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА оид ба ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти милитсия ба имзо расонида шуд.
Бо мақсади амаликунонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти милитсия як зумра тадбирҳо андешида шуданд.
Дар идомаи мизи мудаввар роҳбари Бюрои Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, сафир Маркус Мюллер доир ба ҳамкории Дафтари мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ дар самти ислоҳоти милитсия сухан гуфт.
Мизи мудаввар бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дар якҷоягӣ бо САҲА дар Тоҷикистон доир гардид.








ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






