Ҷаласаи Cуди Олии иқтисодӣ вобаста ба шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ

Февраль 16, 2016 09:52

Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дирўз, 15 феврали соли 2016 дар маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Наим Мансурзода, муовини якум Қодирзода А.С., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ҷаласаи васеъ доир гардид.
Дар ҷаласа, аз ҷумла раиси Суди Олии иқтисодӣ доир ба зарурат ва аҳамияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки рушди устувори босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва бо мақсади муҳайё намудани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ барои мардуми шарафманди бузурги Тоҷикистон, ки ҳадафҳои асосии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур ва мувофиқи мақсад буда, лоиҳаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида имкон медиҳад, ки меъёрҳои он бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбад.
Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст ба ҳар куҷое, ки сафар намоем ва дар маъракаҳо оид ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамият ва зарурати он маълумоти муфассал пешниҳод намоем.
Ҳамчунин роҳбарият ва судяҳо доир ба аҳамият ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, тағйиру иловаҳоро дар якҷоягӣ бо дигар судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҷонибдорӣ намуданд.

Февраль 16, 2016 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад