Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистифодаи маводи нашъаовар
Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва суиистифодаи он барои тамоми ҷомеа мушкилоти ҷиддиро ба бор оварда, зарурати қабули амалҳои ҷиддӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонуниии маводи нашъаовар пеш омадааст. Сарфи назар аз натиҷаҳои бадастомада дар самти муқовимат ба суиистифодаи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста бо онҳо, мушкилоти ҷалб намудани қисми муайяни аҳолӣ ба муҳити нашъамандон ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар кишвар муҳим мебошанд», — гуфт Шерхон Салимзода зимни оғози ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистифодаи маводи нашъаовар, ки имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа, ки аъзои Шӯро аз ҳисоби роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд, ҳамчунин рафти иҷрои «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» ва фаъолияти Маркази мониторинги миллӣ ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳокима гардиданд.
Дар хотима нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2016 тасдиқ гардид.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






