Ҷамъбасти озмунҳои «Савғоти беҳтарин» ва «Мақолаи беҳтарин» дар соҳаи сайёҳӣ
Душанбе, 04.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади рушди соҳаи туризм ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин соҳа озмуни ҷумҳуриявии «Савғоти беҳтарин ба туристон» ва «Мақолаи беҳтарин»- ро байни ҷавонон ва ҳунармандони кишвар ба роҳ монд.
Пас аз баррасии ҳамаҷониба дар озмуни «Савғоти беҳтарини миллӣ барои туристон» Сӯҳроб Саидов барои истеҳсоли чойнику пиёла бо ҳунари кулолгарӣ ва Г. Ҳисориева бо навиштани «Мақолаи беҳтарин» дар мавзӯи «Туризм ҳамчун омили рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи аввал шуданд.
Мукофоти муқарраргардида ба ғолибони озмун аз ҳисоби «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015 -2017» таъмин шуданд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






