Ҷамъияти «Ронанда ва нақлиёт» ба мактабҳои ронандагии кишвар кумак мерасонад, на ин ки садди роҳи онҳо мешавад

Февраль 17, 2016 18:01

Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Чанде пеш бархе аз ВАО дар бораи баста шудани мактабҳои ронандагии хусусӣ ва инҳисоргардии соҳа аз ҷониби ширкати «Автосантал» навиштанд.
Ҷамъияти «Ронанда ва нақлиёт»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро чунин шарҳ медиҳад.
25-уми апрели соли 2015 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҳамаи мактабҳои ронандагии ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо иштироки намояндагони ташкилоти мададрасони мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи ронандагон, Ҷамъияти «Ронанда ва нақлиёт» ва ҳамаи мактабҳои ронандагии хусусӣ ҷаласа баргузор намуд.
Дар ҷаласа тамоми мактабҳои ронандагӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ огоҳ карда шуданд, ки бояд дар асоси «Барномаи таълими ягонаи омодасозии ронандагони воситаҳои нақлиёт аз рӯи категорияҳои «В», «С», «D», «E», ки бо фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.2014 таҳти рақами 1327 дар мувофиқа бо Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, фаъолияташонро ба роҳ монанд. Ин фармон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 769, аз 14.10.2014 ба қайд гирифта шудааст. Барнома пурра дар нашрияи давлатии «Ҷумҳурият» дар шумораҳои аз 24.10.2014 то 13.11.2014 нашр гардидааст.
Пас аз муҳокимаи ин масъала Вазорати маориф ва илми кишвар барои ҳамаи мактабҳои ронандагӣ вобаста ба мувофиқат намудани мактабҳояшон бо Барномаи ягонаи тасдиқшуда муҳлат муқаррар кард. Муҳлат то 1-уми сентябри соли 2015 муқаррар шуда, таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Б.Н. комиссия таъсис ёфт, ки ба он ҳамчунин намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти мададрасони мудофиа, иттиҳодияи ронандагон, ҷамъияти «Ронанда ва нақлиёт» ва мактабҳои ронандагии хусусӣ шомил буданд.
Аз моҳи октябр то декабри соли 2015 комиссияи мазкур ба тамоми манотиқи кишвар сафар карда, аз 381 мактаби ронандагии дорои иҷозатномаи фаъолият, 340 тоашро санҷид. 40 мактаби ронандагии носанҷидаи дигар тамоман ёфт нашуд.
Дар натиҷаи санҷиш 123 мактаби ронандагӣ ба ҳамаи талаботи дахлдор ҷавобгӯй эътироф шуданд. 102 мактаби ронандагӣ ба талабот ҷавобгӯ набуда, 80 мактаби ронандагии дигар тамоман фаъолият намекунанд. 24 мактаби ронандагӣ барои бекор кардани иҷозатнома дар робита ба пурра ҷавобгӯ набудан ба талабот ариза навишта, 43 мактаби ронандагии дигар дар назди коллеҷҳо қарор доранд.
Бояд зикр кард, ки ҳар як мактаби санҷидашуда бо натиҷаҳои санҷиши комиссия шинос шуда, ба санади дахлдор имзо гузошт.
Дар робита ба ин, ҷамъияти «Ронанда ва нақлиёт» изҳор медорад, ки овозаҳо дар бораи он, ки ширкати «Автосантал» мехоҳад фаъолияти мактабҳои ронандагиро инҳисор кунад, асос надоранд.
Имрӯз ҷамъияти «Ронанда ва нақлиёт» барои ҳамкорӣ ва кумак дар асоси ихтиёрӣ ва ҳамгироӣ бо тамоми мактабҳои ронандагӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон омода аст. Масалан, барои таъмин намудани автодроми автоматикунонидашуда, муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо бо таҷҳизот, маводи таълимӣ, мошинҳои таълимии сабукрав, бозомӯзии кормандони мавҷуда, кумакпулиҳо барои иҷора ё фурӯш бо нархи дастрас кумак мерасонад.
Ҷамъияти «Ронанда ва нақлиёт» бо сохторҳои давлатӣ дар робита ба ҳифзи ҳуқуқи аъзои ҷамъият ҳамкорӣ менамояд ва онҳоро бо додани рухсатнома ва иҷозатномаҳо иваз намекунад.

Февраль 17, 2016 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд