Ҷамъомад вобаста ба омӯзиши Паёми солона ва сабабҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба моҳияту сабабҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҷамъомад доир гардид.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир сухан гуфт, ки зимни он муовинони директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони дастгоҳи марказии агентӣ ширкат варзиданд.
Ҷӯрахон Зоир ва нотиқони дигар зимни андешаронӣ оид ба муҳтавои бандҳои алоҳидаи Паёми Сарвари давлат дар мавриди пешгирии коррупсия, ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи амнияти миллӣ ибрози назар намуда, ҳуҷҷати раҳнамунсозро барои пойдории давлат ва устувории ҷамъияту шукуфоии ватани маҳбуб муассир хонданд.
Вобаста ба моҳияту сабабҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия шарҳи муфассал ироа шуда, ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар баробари ин ба роҳбарони воҳидҳои сохтории агентӣ дастур дода шуд, ки оид ба зарурати такмил додани Конститутсия зимни вохӯрию машваратҳо корҳои фармондадиҳиро ҷоннок намоянд.
Дар ин бора аз Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






