Ҷамъоварии маблағи фурўши энергияи барқ 8 фоиз афзоиш ёфт
Душанбе, 4.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар соли 2015 тарофаи миёна барои 1 кВт.соат энергияи барқи истифодашуда 12,53 дирамро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 1,02 дирам зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Исмоилзода Мирзо Иброҳим хабар дод.
Тибқи маълумоти фаврӣ дар соли 2015 сатҳи талафоти энергияи барқ 15,8%-ро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли гузашта мутаносибан ба андозаи 1,5%, ё ин ки дар ҳаҷми 135,6 млн.кВт.соат кам мебошад.
Бино ба гуфтаи раиси ширкат, ҷамъоварии маблағи фурўши энергияи барқ аз муштариёни дохили ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ 1 млрд. 339,1 млн.сомонӣ ё ин ки 83,4 %-и маблағи ҳисобшударо ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба маблағи 298,9 млн.сомонӣ, ё ба 8,0 фоиз афзоиш ёфтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






