Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат

Февраль 12, 2016 17:47

Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Пешниҳод гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати барномавии стратегӣ ва оғозбахши соли нави молиявӣ дар фарҳанги сиёсии миллатамон ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рў, шаҳрвандони касбу кори гуногуни ҷомеа баргузории ин чорабинии муҳимро мунтазир мешаванд, зеро дар ин вохўрӣ фаъолияти яксолаи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар соле, ки сипарӣ шудааст, ҷамъбаст гардида, барои соли оянда вазифаҳо ва мақсаду ҳадафҳои фаъолияти бахшҳои гуногун барномарезӣ мешаванд. Соли равон низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, оромӣ, азму иродаи устувор доштан ба оянда ва эътирофи роҳи интихобшудаи давлатдории дунявӣ дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вале бояд гуфт, ки воқеан замони ироаи Паёми имсола ба вазъияти ниҳоят пуртазоди муносибатҳои байналмилалӣ ва бенизомии комили молиявӣ рост омад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ он қадар тағйирёбанда ва таъсирпазир шудааст, ки ҳеҷ кас барои пешгўӣ кардани ояндаи наздиктарини он ҷасо­рат намекунад. Ва ба ҳамин сабаб ҳам буд, ки дар муқаддимаи суханро­нии Пешвои миллат чандин омилҳои муҳим, ба мисли мураккаб гарди­дани вазъи ҷаҳони муосир, густариши зуҳуроти терроризм ва экстре­мизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқуд­рат­ҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва шиддати бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ҳамчун ун­сурҳои хатарзо ва нигаронкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ карда шуд.

Вале новобаста ба вазъияти мушкилу ногувор баён карда шуд, ки «дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъ­мин гардида, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард». Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ ба вусъати робитаҳои тиҷоратӣ, тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ ва устувории буҷети давлатӣ беҳтар шудани вазъи демографӣ, некўаҳволии мар­дум ва ба 73,5 сол расидани дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба му­шо­­ҳида расид. Бо камоли масъулият таъкид гардид, ки «барои пешгирӣ кардани чунин вазъ Ҳукумат нақшаи чорабиниҳои иловагӣ қабул карда, дар доираи он барои таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои воқеии иқти­со­диёт, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкорӣ бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилоти молиявии ҷаҳонӣ як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ намуд». Дар заминаи таҳлили амиқи вазъияти иқтисодиёти ҷаҳонӣ қотеъона дастур дода шуд, ки «барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаво­рӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд». Дар иртибот ба ин масъала таъкид гардид, ки асосан қисми зиёди дастуру супоришҳо ва иқдомоти дар Паёми соли сипаришу­да баёнгардида иҷро шуд, вале коҳиш ёфтани содироту воридот ва иҷро нашудани баъзе нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои зиёд намудани музди меҳнат ва нафақаву стипендия имкон надоданд. Бо камоли масъулият тавзеҳ дода шуд, ки масъалаи «муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъо­лия­ти Президент ва Ҳукумат мебошад. Аз ин ҷиҳат пешбинӣ гардид, ки эътиборан аз 1-уми июли соли 2016 марҳалаи навбатии зиёд кардани муз­ди меҳнати кормандони касбу кор ва қишру табақаҳои гуногуни ҷо­меа ба амал бароварда мешавад. Ҳукумати мамлакат барои андешидани тадбирҳои мушаххас бобати татбиқи амалии ин супориш муваззаф гардонида шуд.

Маҷмўи масъалаҳое, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва таъмини дурнамои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ дар Паёми имсола таҳия гардидаанд, аз ворид шудани иқтисодиёти кишвар ба фазои нави ноил шудан ба дастовардҳои истеҳсолию саноатӣ дарак медиҳанд. Дар баро­бари ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа пайгирӣ кардани се ҳадафи мил­лӣ марҳалаи гузариш дар истифодаи оқилона ва самараноки натиҷаҳои бадастомада, яъне «гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат» муайян гар­дид. Барои суръат бахшидани корҳо дар ин самт зарур дониста шудааст, ки ба самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди неруи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот ва тавозуни тараққиёти минтақаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Дар ин росто возеҳу равшан вазифа гузошта шуд, ки «истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмўъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ» фаҳмида шавад. Аз ин рў, тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла нахи пахта, вори­до­ти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва дастгирии соҳибкорӣ омили асосии афзоиши шумораи корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо техноло­гия­ҳои муосир ва ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ояндаи наздик муайян гардид, то ки бо ҳар роҳу усул имкониятҳои содиротии кишвар боло бурда шаванд ва ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазку­нан­даи воридот зиёд гардад. Амалӣ гардидани чунин тадбирҳо маънои таъсиси ҷойҳои нави кориро дорад. Далели дуруст будани сиёсати пеш­ги­рифтаи Ҳукумат тадриҷан раҳо ёфтани иқтисодиёти кишвар аз вобас­та­гии баъзе намудҳои масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла ангишту семент шуда метавонад. Воқеан, пешбинӣ шудани саноатикунонии мамлакат дар страте­ги­яи рушд масъалаи бозори қавии дохилӣ пайдо кардани неруи барқи иловагӣ ва рақобатпазирии дигар ниҳодҳои инфрасохтории ватаниро таъмин месозад. Ба хотири бештар самаранок гардонидани ин соҳаи муҳими иқтисодиёт зарур дониста шуд, ки «ҳангоми банақшагирии сохтмони корхонаҳои саноатӣ масъалаи ба манбаъҳои ашёи хом наздик ҷойгир кардани онҳо, ҳаҷми зарурии неруи барқ, об, роҳ ва дигар инфра­сох­то­ри истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои каммасраф ба инобат гирифта шавад». Дар баробари ин барҳақ аз нигоҳи танқидӣ баён гардид, ки «дар фаъолияти иқтисодии берунии мо бинобар номута­во­зин будани истеҳсолоти ватанӣ ҳиссаи воридот нисбат ба талабот то ба ҳол зиёд аст». Акнун ба аҳаммияти махсус зоҳир намудан ба се самти асосӣ – ҳавасмандгардонии содирот, рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардо­нии расмиёт дар стратегияи сиёсати савдои хориҷӣ бартарият дода шуд. Ба як қатор вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки барномаи мусоидат ба содирот ва истеҳсоли маҳсу­ло­ти ивазкунандаи воридотро барои давраи миёнамуҳлат таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳуку­мат пешниҳод намоянд, то ки масъ­а­лаи ноил шудан ба истеҳсоли на камтар аз 20 номгўи нави мол­ҳои ивазкунандаи воридот ва ба роҳ мон­да­ни истеҳсоли 20 намуди молҳои содиротӣ татбиқи воқеии амалӣ пайдо кунад. Ва ҳамчунин рушди саноат пайванди ногусастанӣ ба истеҳсоли неруи барқ дорад, ки заминаи мусоиди истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикиро ба миён меоварад. Дар маҷмўъ рушди устувори иқтисодиёт ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар, амну суботи ҷамъиятӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин мегардад.

Ҳамчунин бори дигар таъкид гардид, ки «Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилонаву оқило­наи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебо­шад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад». Дуруст аст, ки дастрасӣ ба неруи барқ барои таъмини рушди устувор ва коҳиш додани камбизо­атӣ дар шароити кўҳсор нақши тақдирсоз мебозад. Аз ин ҷиҳат, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маблағҳои буҷетии зиёд ҷудо мешаванд, то дар заминаи «сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии ба нақша гирифташуда» шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шавад.

Мавзўи дигари меҳварии Паём масъалаи баланд бардоштани мада­ни­я­ти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ наму­да­ни кишти такрорӣ барои афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ муайян гардид. Дар баробари зикр шудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағ­гузории буҷетие, ки дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ шудаанд, зарурати ҷалб намудани таваҷҷуҳи соҳибкорони ватанӣ ба бунёди корхонаҳои муҷаҳ­ҳаз бо технологияҳои муосир оид ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳ­со­ли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, марказҳои логистикӣ, инчунин сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигоҳдории меваю сабзавот махсус баён гардид. Пешвои миллат  ба тамоми кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилона ба хотири афзун намудани истеҳсо­ли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ изҳори сипос намуда, бо қаноатмандӣ раҳнамоӣ кард, ки «мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем». Ҳоло марҳалае фаро расидааст, ки Ҳукумати мамлакат тамоми монеаҳои мавҷударо дар самти содироти меваи тару хушк ва сабзавот аз байн бардорад.

Масъалаи дигари муҳим дар рушди инфрасохтори умумии ҷумҳурӣ, албатта, соҳаи нақлиёт ва вобаста ба ин бунёди роҳҳои нав ва таҷдиду беҳдошти роҳҳои мавҷудаи мошингард ба шумор меравад. Дар Паёми имсола низ ҷараёни иҷрои корҳо мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Рақами омории муҳим ва фараҳбахш он буд, ки дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва 190 километр роҳи оҳан ба истифода супо­рида шуданд. Дар ҳошияи ҳамин банди Паём таъкид гардид, ки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо «ба масъалаи вусъат бахшидани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ эътибори доимӣ диҳанд».

Дар иртибот ба бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва вобастагии даромади буҷети давлатӣ аз омилҳои берунӣ дастур дода шуд, ки сарчашмаҳои даромади буҷетро аз ҳисоби васеъ гардонидани фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ ва дигар манбаъҳо таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ доир ба истифодаи самараноки қисми хароҷоти он тадбир­ҳои мушаххас андешем. Бинобар ин, таъмини пешрафти соҳаи соҳибкорӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти давлат ва Ҳукумати кишвар муқаррар гардид ва зарур дониста шуд, ки аз тариқи Фонди дастгирии соҳибкорӣ пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок барои бунёди корхо­на­ҳои истеҳсолӣ тақвият дода шавад.

Дар баробари таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи рушди соҳаҳои гуногуни инфрасохтори иқтисодиёти миллӣ дар меҳвари масъалагузори­ҳои Паёми имсола таъсири бӯҳронҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқӣ ба вазъи ногувори ҷаҳони имрўза қарор гирифт. Аз ин рў, ташвиқу тарғиби дастовардҳои таърихии мардумамон аз ҷониби олимони ҷомеашинос ва ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ҳамчун омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ниҳоят зарур дониста шуд. Мах­сус таъкид гардид, ки мазмуну муҳтавои таҳқиқот ба тақвияти пояҳои давлату давлатдо­рии миллиамон равона карда шаванд, мавзўъҳои фар­мо­и­шӣ ба таҳқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамон дар муво­за­на­ти комил бо пешрафти иқтисодиёти миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа таҳия ва тасдиқ гарданд. Барои татбиқи амалӣ бахшидан ба ин иқдомҳо Пешвои миллат чун ҳарвақта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба сиёсати давлатии ҷавонон, масъулияти падару модар ва роҳбарони мақомоти дахлдор, аҳамияти ба илму таълим ва касбу ҳунаромўзӣ фаро гирифтани онҳоро гарави ноил шудан ба дастовардҳо баҳогузорӣ намуданд: «Вобаста ба ин, бори дигар ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳо­ки­мияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба ил­му донишандўзӣ ва касбу ҳунаромўзии наврасону ҷавонон диққати мах­сус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд». Дар ин раванд эълон гардид, ки барои васеъ татбиқ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ ба саҳми арзишманди олимони ҷавон эътимод гу­мош­та хоҳад шуд. Ҳукумати кишвар дар навбати худ барои дастгирии ташаббусҳои бунёдкоронаи ҷавонони кишвар тамоми тадбирҳоро меанде­шад, то ки «фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омўзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Дар ин росто, масъалаи истифодаи самараноки неруи созандаи ҷавонону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, фаро гирифтани онҳо ба илму дониш, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва тарзи ҳаёти солим аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Шиддат гирифтани тағйироту таҳаввулоти номатлуб дар вазъияти сиёсии ҷаҳон ва торафт хусусияти бӯҳронӣ гирифтани низоъҳои мазҳабӣ дар кишварҳои арабию мусулмонӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро ба масъалаи ҳаётан муҳим мубаддал сохтааст ва ҳар лаҳза мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – экстремизм, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷино­ят­ҳои муташаккили фаромарзӣ ҳушёру зирак ва дар ҳолати омодабош буданро тақозо менамояд. Боиси таассуф аст, ки дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон дар заминаи таъсири фаъолияти ҳизбу ҷараёнҳои тундрав дар Ховари Миёна фаъолияти экстремистию террористӣ равна­қи тоза ва хусусиятҳои нав касб намуда истодааст. Аз ин ҷиҳат дар Паём хатарнок будани паҳншавӣ ва дар кишварҳои гуногун сар баровардани гурўҳҳои террористиро ба эътибор гирифта, ба ин падидаҳои нангини ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин баҳо дода шуд: «Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Дарвоқеъ, ҳеҷ як гўшаи ҷаҳон имрўз аз хатари гирифтор шудан ба ҳамлаҳои террористӣ ва пайдо шудани нуқтаи доғи амали гурўҳакҳои сиёҳкор, ки ба набзи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва нуфузу эътибори байналмилалии давлатҳо зарари бузурги моддию маънавӣ ворид карда метавонанд, худро эмин шумори­да наметавонад. Чунин ба назар менамояд, ки тамоми ҷомеаи башарӣ бо қатъият бар зидди маҳву нобуд кардани терроризм ва экстремизм бархостааст, вале ҳар як давлат ё гурўҳи давлатҳо ба тарзи махсуси худ ин падидаи номатлубро муайян мекунад ва бар зидди он мубориза мебарад. Гоҳо чунин иттифоқ меафтад, ки як созмон аз ҷониби давлатҳои шарик террористӣ дониста мешавад, дар ҳоле ки айни ҳамин созмонро давлатҳои дигар ниҳоди муътадил ва муборизи ормонҳои миллии худ мешуморанд.

Дар чунин вазъият барои кишварҳои хурде мисли Тоҷикистон иқдоми дурусти таърихсозеро муайян кардан бисёр мушкил мегардад, ки ҳаққу ботил кадом асту дурусту зишт кадом. Аз ҳамин ҷиҳат, дар матни Паёми имсола, ба назари мо, консепсияи муносибати бунёдӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм муайян гардид.

Якум, Пешвои миллат дар пайгирӣ аз мавқеъгириҳои пешина аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бори дигар иброз намуд, ки «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Баръакс, тамоми зуҳуроти нангини террористӣ, ки ба онҳо тобиши динию мазҳабӣ медиҳанд, аслан ба дини мубини ислом ҳеҷ иртиботе надорад. Зулмати асримиёнагиро болои мардум таҳмил кардан бар зарари кишварҳои исломӣ ва умуман мусулмонони дунё аст, ки аз ҷониби душманони манфиатҷў роҳандозӣ мегарданд.

Дуюм, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас истифодаи «сиёсати дугона» дар мубориза бо экстремизм ва терроризм созгор нахо­ҳад буд, зеро он на танҳо самараи дилхоҳ намедиҳад, балки боиси пайдо шудани ихтилофу нофаҳмиҳои нав гардида, авзои ҷаҳонро боз ҳам ноо­ром месозад. Аз ин рў, «мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои бовар, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Сеюм, масъалаи ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои терро­рис­тию ифротгаро аз ҷониби як зумра доираҳо ва давлатҳову фондҳо сабаби бад шудани шароити зиндагии мардум, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва тарки ҷою манзил карда, дар роҳи муҳоҷирату саргардонӣ ҳалок шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдакон шуда истодааст. Таҷриба нишон дод, ки истифодаи қувва ва зўрӣ дар масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳо бо кишварҳои гуногун, аз як тараф, боиси осебпазир шудани истиқлолияти онҳо шуда бошад, аз тарафи дигар, сабаби афзоиши шаклу намудҳои гуногуни экстремизму терроризм, аз ҷумла дар пўшишии динию мазҳабӣ гардид. Барҳақ зикр гардид, ки давлатдорӣ, тамомияти арзӣ ва ояндаи мавҷудияти як силсила кишварҳо –Афғонистон, Ироқ, Либия, Сурия ва Яман сахт норавшан шудааст.

Чаҳорум, Пешвои миллат бо камоли масъулият ва шиддати нига­ро­нӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти нангину даҳшатафкан қарор дорад, зеро «ҳанўз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд». Пўшида нест, ки ҳатто ёдовар шудани ваҳшонияти рўйдодҳои на он қадар дури ҷумҳурии азизамон ниҳоят тоқатфарсо аст ва он ҳам­чун як саҳифаи сиёҳ дар таърихи навини мо боқӣ мемонад. Бадии дигар дар он аст, ки дар омади гап ҳангоми роҳандозӣ кардани ҳамкори­и нав шарикони сиёсию иқтисодии мо ба замоне ҷой доштани ин қабил ҳодисаҳо дар ҳаёти иҷтимоии миллати тоҷик ишора мекунанд. Чунин суханонро шунидан ва худро як лаҳза дар ҳолати равонии он даврон тасаввур кардан аслан ба як бор мурда боз зинда шудан баробар буда метавонад. Аз ин ҷиҳат, барои ислоҳи ин вазъи ногувор дар миқёси ҷаҳонӣ, ба хусус олами ислом пешниҳод гардид, ки «таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуро­ти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда» тақозо карда шавад.

Панҷум, дар иртибот ба таъсири ҳаштповори экстремизму терро­ризм дар атрофу акнофи олам воқеаҳои оғози моҳи сентябри соли сипаришуда дар ин ҳуҷҷати барномавӣ ҳамчун «сўиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ» баҳогузорӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки ин нақшаҳои харобкорона ва хоинона бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтаанд. Ин падида аз он шаҳодат медиҳад, ки ниятҳои нопоки ба сари миллати тоҷик таҳмил намудани низоми бегона ҳанўз дар барнома­ҳои доираҳои сиёсии хориҷӣ чарх мезананд ва онҳо гурўҳаке пайвандгар аз зархаридону гумоштагони худро андаруни ҷомеаи шаҳрвандии мо доранд. Вале онҳо сахт ғалат карданд, зеро мавқеи баланди ватандўстии миллати тоҷик, фазои сулҳу субот ва ба қолаби муайян даромадани рушди устувори бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар ҳеҷ гоҳ намегузо­ранд, ки дигар зулмати парешонию оворагӣ ҷойгузини ободию созан­да­гӣ шавад. «Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муҳлати кўтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оро­мии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд».

Шашум, сабақи рўйдодҳои номатлуби моҳи сентябр ва хусусияти давом­дор касб намудани бӯҳрони сиёсию идеологӣ ва иқтисодию молия­вӣ дар ҷаҳон ва минтақа қотеъона талаб менамояд, ки дар ҳолати омодабоши ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари азизу маҳбубамон бошем. Бо ин мақсад аз ҷониби Пешвои миллат ба Проку­ратураи генералӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон­ро оид ба муқовимат ба экстремизм  ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва пешниҳод намояд, то ки заминаҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазири мубориза бо экстремизм ва терроризм муҳайё гардад. Дар назар аст, ки дар доираи ин барномаи стратегӣ номгўи субъект­ҳои мубориза бо экстремизм  ва терроризм муайян гардида, ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ, хиёнат ба Ватан ва амсоли онҳо ба маротиб тақвият дода мешаванд. Дар ин росто, зарурати муқовимат бо ҷангҳои ит­ти­лоотӣ ва пешгирӣ намудани истифодаи шабакаи Интернет бо мақсад­ҳои экстремистӣ ва террористӣ аз тариқи таъсиси маркази алоҳида мувофиқи мақсад дониста шуд.

Ҳафтум, дар Паёми имсола мубориза бар зидди гардиши ғайриқо­ну­нии маводи мухаддир ҳамчун ҷузъи таркибии мубориза бо терроризм ва экстремизм дониста шуд. Бори дигар таъкид гардид, ки даромад аз муо­ми­ло­ти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷаҳон ба даҳҳо милли­ард доллар мерасад ва он яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терро­риз­­ми байналмилалӣ гардидааст. Дар баробари ин, афзоиши бемории нашъамандӣ таҳдиди ҷиддие ба генофонди миллӣ эҷод карда истодааст.

Ҳаштум, барои муборизаи беамон бурдан бо таҳдиду хатарҳои муосир, яъне экстремизм ва терроризм Тоҷикистон ҷонибдори дар як самти меҳварӣ муттаҳид сохтани саъю талошҳои байналмилалӣ мебошад, зеро  сиёсати хориҷии он сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз аст. Кишвари мо ба принсипҳои эҳтироми ҳамдигар, бароба­рӣ ва ҳамкории судманд бартарӣ дода, хоҳони он аст, ки ҷаҳон «аз ҷангу низоъҳо, хушунату зўроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад».

Нуҳум, вазъияти кунунии ҷаҳон ва минтақа, воқеан, тақозо мена­мояд, ки мо ватанро беш аз ҳарвақта дўсттар дорему масъулиятши­нос бошем. Пешвои миллат бо тафохур ёдовар шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки мо дар арафаи ҷашни 25-солагии он қарор дорем, борҳо мушкилиҳои сангинро сарбаландона паси сар намуда, хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани мил­лат­ро бартараф кардем. Имрўз мо дар марҳалаи таърихие қарор дорем, ки татбиқи се ҳадафи стратегии ормонӣ ба густариши беандозаи эҳсоси худшино­сию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ сахт ниёз дорад. Азми дурусту саъйи комил ва заҳмати аҳлонаи қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа алорағми вазъияти бӯҳронии иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон метавонанд таҳкими давлату давлатдории миллӣ, беҳдошти сатҳу сифати зиндагӣ, рушди устувори иқтисодиёт ва шукуфоии сарзамини аҷдодиа­мон­ро таъмин намоянд.

Аммо дар сархати Паёми имсолаи Пешвои миллат зикр гардидани масъалаи густариши зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – экстремизм ва терроризм моро вазифадор менамояд, ки дар масъалаи таъмини амни­я­­ти миллӣ ва динию мазҳабӣ, ваҳдати эътиқодӣ, эҳтиром гузоштан ба арзиш­ҳои миллӣ ва суннатҳои таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ рафто­ри содиқона ва софдилона анҷом диҳем. Танҳо дар фазои сулҳу субот ва оромӣ идома бахшидан ба корҳои ободию созандагӣ ва расидан ба рушди устувори иқтисодиёт муяссар мегардад, анҷом додани фароизи динию мазҳабӣ ва тоату ибодати мақбул ба даргоҳи илоҳӣ фароҳам меояд. Вале заррае халалдор шудани вазъи сиёсию иҷтимоӣ метавонад тамоми дастовардҳоро, Худо нокарда, дар як лаҳза барбод диҳад, ки ба манфиати давлатдории навини дунявии тоҷикон нахоҳад буд. Аз чунин мавқеъ бояд қазоват кард, ки дар таомули мардумӣ ҳам пеш аз сохтани хона гирдогирди қитъаи заминро шиғбандӣ мекунанд, то ҳеҷ як унсури беруна барои корҳои сохтмонӣ халал нарасонад. Ва баъди бунёди хона ҳам даромаду баромад ва пазироии меҳмон аз тариқи дару дарвозаи хона гумруквор сурат мегирад. Вале шахси ҳасуд ва дилу нияташ нопок ҳатман қасди аз болои девор андаруни хона омаданро мекунад.

 

 

Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

 

 

 

 

 

Февраль 12, 2016 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид