Артиши миллат ва Пешвои миллат
Душанбе, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»),- Имрӯз 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саросари кишвари азизамон дар фазои ободу озод ҷашн гирифтаистодаанд.
Мардуми тоҷик дар асоси суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар асоси базаи миллӣ артишро ташкил хоҳем кард», ки соли 1992 дар иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда буд, 23 юми феврали соли 1993 Артиши миллии худро таъсис дод. Заминаи ҳуқуқии Артиши миллӣ ин Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст, ки 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Дар сархати аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад».
Ҳар кишвар дорои артиши худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст.
Аз ҳамаи ҷавонон хоҳиш мешавад, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунанд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Пешвои миллат низ борҳо гуфтааст: «Итминони комил дорам, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро мекунанд».
Ҳамаи хизматҳои шуҷоатмандонаю садоқатмандонаи сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳро Ҳукумату давлати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз мадди назар дур нагузошта, мунтазам кумаку ғамхориҳо зоҳир менамояд.
Далели ин гуфтаҳо дар он аст, ки дирӯз 22 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 23- солагии Қувваҳои Мусаллаҳ ба зиёда аз 40 оилаи афсарони Вазорати муодофиа калиди хонаҳоро супорид, ки бо ҳамаи таҷҳизоти зиндагӣ муҷаҳҳаз буда, ба меъёрҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯй мебошанд.
Ҷашни 23-юмин солгарди Артиши миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Шукӯҳи Далер








23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






