Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2016 муайян шуд

Февраль 29, 2016 11:27

Душанбе, 29.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 2016 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб ба тартиби зерин муқаррар карда шуд:
1) 200 (дусад) сомонӣ барои бақайдгирӣ (асосӣ), даври 2-юми азнавбақайдгирӣ ва бақайдгирии иловагӣ;
2) 20 (бист) сомонӣ барои даври 1‑уми азнавбақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ.
Лозим ба қайд аст, ки чун солҳои қаблӣ, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши дар ИМД-2016 иштирок карданро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд. Шахсоне, ки падар ё модарашон вафот кардааст, барои иштирок дар ИМД танҳо 50 %-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 100 (сад) сомонӣ пардохт мекунанд. Шахсони чунин имтиёздошта ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Хотиррасон мекунем, ки шахсони барои иштирок дар ИМД-2016 аз қайдгузаранда маблағи муайяншударо дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бояд пешакӣ супоранд ва бо расид дар бораи пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шаванд.

Февраль 29, 2016 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид