Ҷашни Артиши миллӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон
Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-23-юми феврал дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинии идона бахшида ба рӯзи таъсиси Артиши миллӣ бо иштироки донишҷўёни тоҷики Омўзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ва донишҷўёни дигар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон З. Саидов аз нақш ва таърихи таъсиси неруҳои мусаллаҳи кишвар сухан карда, нақши онро дар ҳифзи амнияту осоиши мардум ва суботи кишвари соҳибистиқлол, тақвияти давлатдории миллӣ, рушди ҷомеа ва ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин ӯ иброз дошт, ки иштирокдорони чорабинии мазкур, ба вижа донишҷўёни Омўзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ба савганди ҳарбӣ содиқ буда, минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар назди Ватан ва миллату давлат бо ифтихор адо мекунанд ва тамоми донишу маҳорати хешро барои ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ равона месозанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






