Ҷашни Соли нави чинӣ дар Тоҷикистон

Февраль 19, 2016 10:40

Душанбе, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий дар назди ДМТ ба муносибати Соли нави чинӣ чорабинии васеъ ва базми бошукӯҳро зери унвони «Тоҷикистон ва Чин ҳамчун як оила» барпо менамоянд. Чорабинӣ 22 феврали соли 2016, соати 17:00 дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мегардад.
Барномаи чорабинӣ аз бахшҳои зерин: шеъри тоҷикӣ ва чинӣ, рақси анъанавии тоҷикӣ ва чинӣ, санъати акробатии «Чаппа шудан», санъат, хушнависӣ, ҳунари рассомии чинӣ, якҷоя навохтани асбобҳои мусиқии тоҷикӣ ва чинӣ, санъати акробатии «Акробатика», рақсҳои халқӣ, ушу, сурудҳои муосири тоҷикӣ ва чинӣ иборат аст.

Февраль 19, 2016 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад