Азим Иброҳим: Бе лоиҳа фаъолият кардани корхонаҳои истихроҷи ангишт нигаронкунанда аст
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — 18 феврали соли равон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳузури муовини сарвазир Азим Иброҳим бо иштироки роҳбарони корхонаҳои зерсохтори КВД «Ангишт» ва дигар масъулини соҳа оид ба масъалаҳои лоиҳакашӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва истихроҷи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони ангишт буда, самаранок истифода бурдани онҳо метавонад барои баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат намояд.
Дар солҳои охир тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли ангишт нишондиҳандаҳоро бамаротиб афзун кард ва дар натиҷа ҳаҷми умумии истеҳсоли ангишт дар соли 2015 ба 1 млн. 042 ҳазор тонна баробар шуда, талаботи иқтидорҳои саноатии бо ангишт фаъолияткунанда асосан таъмин гардид. Аммо натиҷаҳои миёнамуҳлати бадастомада наметавонанд иқтидорҳои нави саноатиеро, ки ба истифода додани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ба нақша гирифтааст, кафолат диҳанд, зеро тибқи нақшаи кории Ҳукумат, бо назардошти дар ҳолати ба фаъолият оғоз намудани иқтидорҳои нави саноатӣ талабот ба ангишт дар соли равон на камтар аз 1,7 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.
Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишти кишвар то ба ҳол асосан бо усули косибӣ бо тарзи кушод истихроҷи ангиштро ба роҳ мондаанд ва калонтарин корхонаи саноатии кишвар «Фон-Яғноб», ки 60% ҳаҷми умумии истихроҷи ангишти кишварро таъмин месозад, то имрўз лоиҳаи коркарди кони ангиштро надорад. Боиси таассуф аст, ки аксарияти корхонаҳои дар ин самт фаъолиятдошта низ бо чунин тартиб кори худро ба роҳ мондаанд.
Вобаста ба ин муовини сарвазир изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки бо чунин усул давом додани кор қобили қабул нест ва аз масъулини соҳа талаб кард, ки лоиҳакашӣ, барномарезӣ ва нақшаи рушди корҳои кўҳиро таҳия сохта, марҳила ба марҳила усули саноатии истихроҷи ангиштро дар конҳо роҳандозӣ намоянд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






