Аъзои ММ МО номнавис мегарданд

Февраль 26, 2016 16:39

Душанбе, 26.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-3 марти соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад.
Аз палатаи болоии Парлумони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон доранд, 2 марти соли 2016 аз соати 8:00 то соати 17:00 ва 3 март аз соати 7:00 то 8:00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи сеюм утоқи кории шуъбаи ташкилӣ номнавис гарданд. Телефонҳо барои тамос: 221-98-35, 227-18-98.

Февраль 26, 2016 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш