Ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ
Душанбе, 04.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-3- юми феврали соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир шуд. Аз гумонбаршуда ба миқдори 80 ҳазор рубли русии қалбакӣ дарёфт ва мусодира гардид, ки онҳоро мехост дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд ба муомилот барорад. Нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 281 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши ҳодиса идома дорад.








Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






