«Бачаҳои гулфурӯш», «Дусад марди ҷангӣ», «Як рӯзи бебарор дар шаҳри Ваҳдат», «Барӯйхатгирии ҷаҳонии барфу ях», «Комсомол хоин тарбият мекард!» ва дигар мақолаҳое, ки дар матбуот чоп шуданд

Февраль 18, 2016 15:54

Душанбе,18.02.2016 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи сешанбе аз 16-уми феврали соли равон дар бораи сафари вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ба Аврупо, ба Тоҷикистон омадани вазири давлатии Бритониёи Кабир Десмонд Свейн, рӯнамоии ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар Маскав, рахна шудани почтаи сарвари Хадамоти иктишофии Амрико аз тарафи навраси британиявӣ, ба муборизаи зидди вируси Зика ҷалб шудани низомиён ва дигар ҳодисаҳои кишвару олам хабару гузоришҳо чоп карда, чандин мақолаҳои проблемавиро пешкаши хонандагон намудааст. «Аз лиҳози генетикӣ баромади халқи кабири рус ҳам аз Осиёи Миёна аст, ба ин шубҳае нест, — омадааст дар рубрикаи «Сухани рӯз»- и «Ҷумҳурият» таҳти рақами 33 аз 17-уми феврали соли равон. Хабари «Аврупо-Тоҷикистон: ҳалқаи нави пайванд» дар бораи аз тарафи Парлумони кишвар тасдиқ шудани Созишномаи бисёрҷониба оид ба рушди долони байналмилалии Аврупо-Қавқоз-Осиё нақл мекунад. «Боғҳои интенсивӣ акнун бо усули нав бунёд мешаванд», «Китобхона ва нақши он дар тарбияи ҷавонон», «Тоҷикистон дар масири барҳам додани меҳнати кӯдак» – мақолаҳое мебошанд, ки дар шумораи мазкури нашрия ба чоп расидаанд. «Ҷумҳурият» дар шумораи имрӯза аз таъйиноти кадрӣ дар вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, КДАМ ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ хабари расмӣ чоп карда,  шарҳи пурраи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешкаши хонандагон намудааст. Дар шумораи мазкури нашрия мақолаи Ғаффор Ҷӯраев «Забони тоҷикӣ – шиносномаи мо ба ҷаҳониён» чоп шудааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» — шумораҳои рақами 19-20 (13 феврали соли 2016), аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров 10-уми феврал баргузор гардида, зимни он пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъйини раъйпурсии умумихалқӣ ва дигар лоиҳаи қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд, гузориши мукаммал пешниҳоди хонандагон кардааст. Дар шумораи мазкури нашрия мақолаи Ҷамшед Муртазоқулов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ таҳти сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол» чоп шудааст. Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «Садои мардум» (№22, аз 17 феврали соли равон) матни пурраи шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил кардани 68 ҳавзаи раъйпурсӣ дар ҳудуди мамлакат нашр шудааст.

«Қароре, ки халқ қабул мекунад», «Барӯйхатгирии ҷаҳонии… барфу ях», «Аз марз ба миллат» — чунин мақолаҳоро ҳафтаномаи русзабони «Народная газета» нашр карда, мақолаи калонҳаҷми таҳлилии «Соли 2015 – соли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор» ва лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешкаши хонандагони русзабон кардааст.

Ҳафтаномаи «Халқ овози» дар шумораи навбатии худ мақолаҳои зиёди хонданӣ, хабару гузоришҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии кишварро чоп карда, матни пурраи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи он, рӯзи баргузории раъйпурсии умимихалқиро пешкаши хонандагони узбекзабон намудааст. Дар шеъри шоири маъруфи узбек Сайфулло Қулаев «Эҳдо», ки ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст,  корномаҳои Президенти маҳбуб васф шудаанд. Мусоҳибаи Искандар Маҳмадалиев бо шоир Неъмат Муҳаммад Саид оид ба 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ва мақолаи таҳлилии Абдулфайз Миматов «Тутҳои сарбурида» дар хусуси хосиятҳои дарахти тут, беэътибории масъулон ба ин дарахти пурсахо нақл мекунад.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон  «Адабиёт ва санъат» бо сарлавҳаи «Як моҳи пур аз шеъру тарона» дар хусуси баргузор шудани Ҳамоиши байналмилалии адибони форсигӯи ҳавзаи Наврӯз дар Душанбе, маҳфили ёдбуд ба муносибати 70 солагии ҳунарманди маҳбуб Тоҷиддин Муҳиддин ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-ҳунарӣ хабарҳо нашр карда, дар саҳифаи назми ҳафтанома шеърҳои Гулназар, дар саҳифаи наср ҳикояи Неъматулло Худойбахш «Бачаҳои гулфурӯш», дар саҳифаи публитсистика навиштаи Маҷид Салим бо номи «Роғун – маҳзари нур»-ро пешкаши дӯстдорони адабу санъат намудааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаи А.Аҳмадзодаро бо номи «Дусад марди ҷангӣ» чоп кардааст. Муаллиф навиштаст: «Мусаллаҳ бо яроқи ҳозиразамон будан хуб аст, аммо агар таҷрибаи ҷангӣ ва тамрини дуруст набошад, ин яроқ худ аз худ коре карда наметавонад. Дар ин масъала дар минтақа аз артиши Тоҷикистон дида, таҷрибаноктар артиш нест. Артише, ки имрӯз мо дорем, давоми 25 соли Истиқлолият чандин бор вориди набард гардидааст, ки мисоли барҷастаи он муҳорибаҳои соли сипаришуда бо гурӯҳи зархариди ҳоҷӣ Ҳалим буд».

Нашрияи оҷонсии иттилоотии «Хатлон-ПРЕСС» — СССР, дар шумораи навбатӣ оид ба ҳодисаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ таҳти номи «Мансур Муаккалов: Такягоҳи мо Тӯраҷонзода аст!» мақолаи журналист Шаҳрзоди Аминро чоп кардааст. Дар рубрикаи «Ҳафтаи президентҳо» суханони президенти Узбекистон И.Каримов «Комсомол хоин тарбият мекард!» оварда шуда, дар замимаи ҳафтанома «Футбол ва СССР» оид ба мураббии шинохта Шариф Назаров бо сарлавҳаи «Маэстрои футболи тоҷик 70 сола мешавад!» нашр шудааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» дар шумораи навбатӣ мақолаҳои «Пашшақапак» ва демократияи инсонкуш», «Деҳаҳоро шаҳр бояд кард», «Нахӯреду напӯшед! Хона арзон шуд, бихаред!» нашр карда, андешаҳои инфиродии Х.Ниёзовро бо сарлавҳаи «Киселёв» оид ба кушода шудани  бахши тоҷикии оҷонсии иттилоотии байналмилалии Русия «Sputnik» пешкаши хонандагон намудааст.

Нашрияи созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» — ҳафтаномаи «Нигоҳ» андешаҳои профессор Иброҳим Усмоновро бо сарлавҳаи «Муҳите, ки пир надорад… Тоҷикон чаро китоб намехонанд?» чоп намуда, ҳамчунин шеърҳои Шуҳрати Ҳазратшоҳро пешкаши хонандагон кардааст.

Ҳафтаномаи «Миллат» бо сарлавҳаи «Адои қарзи фарзандӣ ҳатмӣ мешавад, «Теғаш сари худашро хӯрд», «Як рӯзи бебарор дар шаҳри Ваҳдат», «Онҳо Ватанро бо «устухони хеш» сохтанд» мақолаҳо пешкаши мухлисонаш кардааст.

Ҳафтаномаи «Самак» ба коршиносон бо саволи «Артиши Тоҷикистон то куҷо барои рафъи хатарҳо омода аст?» муроҷиат карда, натиҷаи пурсишро пешкаши мухлисонаш намудааст.

Февраль 18, 2016 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар шаҳри Турсунзода сарбозони аз хизмат баргаштаро бо тантана истиқбол намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистон ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бо ҷавонони фаъол ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш мулоқот доир шуд
«МАН БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Баргузории иқдоми ҷумҳуриявии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сафи ихтиёриёнро зиёд намуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали ҳунармандон баргузор гардид
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон доир шуд
«МО, ҶАВОНОНИ ВАТАН СОЗАНДАЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шоми ҷавонӣ доир шуд
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин иқдомро ҷонибдорӣ менамоянд
Ҷаласаи дуюми Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиш доир шуд
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе ҳамоиш доир шуд