Бадахшон: Бунёди муассисаи таълимӣ дар Бартанг
Душанбе, 22.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи гузашта дар деҳаи Разуҷи деҳоти «Бартанг»- и ноҳияи Рӯшон муассисаи таълимии наву замонавӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи таълимӣ, ки бо назардошти талаботи замон барои 96 нафар хонанда бунёд гардидааст, аз шаш синфхона, хонаи омӯзгорон, утоқи компютерӣ ва таҷҳизоти таълимии дорои сифати баланд иборат мебошад. Барои сохтмони он аз буҷети вилояти бадахшон 1 миллиону 630 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Корҳои сохтмониро, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шарқ» ба зимма дошт, сохтмончиёнро аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҷалб намуд.
Шодихон Ҷамшед раиси вилояти Бадахшон зимни ифтитоҳи муассиса, ки дар он хонандагони деҳаҳои Разуҷ ва Даржомчи ҷамоати деҳоти «Бартанг» таҳсил менамоянд, зикр кард, ки мутобиқи нақшаи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми кишвар дар деҳоти «Бартанг»—и ноҳияи Рӯшон бунёд ва навсозии боз 13 муассисаи таълимӣ дар зарфи ду соли оянда ба нақша гирифта шудааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






