Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёда аз 1,5 млн. сомонӣ ҷарима татбиқ шуд

Февраль 1, 2016 14:16

Душанбе,1.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2015 ба судҳо 562 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 568 шахс пешниҳод шуда, аз ин бо 549 парванда нисбат ба 555 шахс дар маҷмӯъ ба маблағи 1. 661. 360,0 сомонӣ ҷарима татбиқ ва бинобар сабаби набудани таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 13 парванда нисбат ба 13 шахс қатъ гардидааст». Ин нуктаро раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Дустмурод Ҳайит имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон таъкид намуд.
Вобаста ба муқаррароти Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» судҳо 10 ҳазору 639 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ кардаанд, ки аз ин шумора 9933 парванда нисбат ба 9988 шахс бо баровардани қарор моҳиятан ҳал шуда, пешбурди 136 парванда қатъ, 570 парванда аз рӯи тобеият ирсол шуда, нисбат ба 3327 нафар огоҳӣ, ба 6661 шахс ҷарима ба маблағи 620.125 сомонӣ таъйин гардидааст.

Февраль 1, 2016 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд