Баррасии масъалаҳои хат ва имлои забони тоҷикӣ дар давраҳои Шӯравӣ ва Истиқлол
Душанбе,10.02.2016 (АМИТ«Ховар»).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои нави профессор Сайфиддин Назарзода доир гардид, ки дар он се китоби муаллиф муаррифӣ шуд.
Яке аз китобҳои муаллиф, ки соли 2015 зери назари доктори илмҳои филология, узви вобастаи АИ Ҷумхурии Тоҷикистон, профессор Додихудо Саймиддинов нашр гардидааст, «Имло ва забони адабӣ» мебошад.
Дар китоб масъалаҳои хат ва имлои забони тоҷикӣ аз лиҳози таърихи ташаккул мавриди пажӯҳиш қарор гирифтаанд. Дар он ба таври мухтасар дар бораи хат ва имлои забонҳои эронии бостон (авестоӣ, форсии бостон) ва миёна (форсии миёна, портӣ, бохтарӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ), ки ба забони тоҷикӣ хешовандӣ дошта, ба низоми дастурӣ ва вожагони он таъсиргузор буданд, маълумот дода шуда, намунаи алифбоҳо ва тағйири овозии ин забонҳо баррасӣ шудааст.
Асоси китобро баррасии масъалаҳои хат ва имлои забони тоҷикӣ дар давраҳои шӯравӣ ва соҳибистиқлолӣ ташкил медиҳад.
Китоб барои доираи васеи мутахассисон, донишҷӯён ва алоқамандони забони ноби модарии мо пешбинӣ шудааст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






