Баррасии масоили роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии Об барои рушди устувор
Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 25 феврали соли 2016 дар ш. Ню-Йорк мулоқоти кории вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи Гурӯҳи Дӯстони об (муовини Котиби давлатии Маҷористон оид ба ҳамкории байналмилалӣ Адам Золтан ва намояндагони доимии Швейтсария, Финландия, Тайланд) баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об, бавижа масъалаҳои татбиқи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Инчунин 25 феврали соли 2016 дар ш. Ню Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ҳамоҳангсози вижаи Котиботи давлатии ИМА оид ба захираҳои об ҷаноби Аарон Залсберг баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии Об барои рушди устувор ва дигар масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






