Боздиди гурӯҳи кории Ҳукумати ҶТ аз корҳои рахнакунии кӯли Барсем ва мактаби шаҳраки Раҳмонобод

Февраль 16, 2016 16:08

Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Чанде қабл гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ барои рахна намудани оби кўли сунъии деҳаи Барсем, ки дар натиҷаи офати табиии моҳи июли соли гузашта рухдода ба вуҷуд омад, шинос шуд.
Кофтани хандақ барои рахна намудани оби ин кӯл аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Панҷ» амалӣ гардида, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Азим Иброҳим, муовини сарвазири мамлакат ба масъулини корҳои сохтмонӣ дастур дод, ки охирин корҳоро то охири моҳи март ба анҷом расонанд ва маҷрои пешинаи об то давраи баланд шудани сатҳи рӯдхонаи Ғунд барқарор шавад.
Дар шаҳраки навбунёди Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон, ки дар заминаи бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсем бунёд гардид, бинои дуошёнаи мактаби замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни боздид аз мактаб муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити илмомӯзии хонандагон ва фаъолияти омӯзгорон шинос шуда, таъкид карданд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин бунёд ёфтани бинои мактаб боз як ғамхории навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони ин деҳаи навбунёд ба ҳисоб рафта, омӯзгоронро масъул месозад, то дар тарбияи насли ояндасоз саҳмгузор бошанд.
Бояд зикр намуд, ки дар ояндаи наздик сохтмони толорҳои маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасони ин мактаб дар назар аст.
Сокинони деҳаи Раҳмонобод мавриди истифода қарор гирифтани бинои мактабро дар ин деҳаи навбунёд чун як туҳфаи арзишманд, ки барои ба камол расидани насли созандаву ватандӯст заминаи боэътимод мегузорад, қабул намуданд.

Февраль 16, 2016 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон