Боздошти чор корманди ВКД барои нашъаҷаллобӣ аз тарафи ходимони ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ оё рост аст?

Февраль 23, 2016 15:17

Душанбе, 23.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-“22 феврали соли равон дар расонаҳои иттилотии интернетӣ маълумот оид ба боздошти чор корманди ВКД барои нашъаҷаллобӣ аз тарафи ходимони ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба табъ расид, ки ин маълумот асоси воқеӣ надорад”,-гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Ҳамзамон маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ иттилоъ дод, ки тибқи нақшаи ҳамкорӣ ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани воридшавии маводи мухаддир аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 феврали соли 2016 байни КДАМ ва ВКД ҳуҷҷатҳо ба имзо расидаанд.
Мувофиқи маълумоти дақиқи махсуси фаврии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Шӯрообод ва мувофиқи нақша 19 феврали соли равон дар минтақаи Хирманҷои ноҳияи Шӯрообод гурӯҳи таъйиноти махсуси қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони ВКД амалиёти махсуси муштарак гузарониданд.
14 феврали соли 2016 қочоқбарони афғон мувофиқи маслиҳати пешакӣ бо қочоқчиёни тоҷик ният доштанд, ки миқдори калони маводи мухаддирро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд.
Аз сабаби дар ҳолати пурзӯри муҳофизат қарор доштани сарҳади давлатӣ қочоқчиён 19 феврали соли равон нақшаҳои худро тағйир дода, дар минтақаи яке аз дидбонгоҳи отряди сарҳадии «Шӯрообод» аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори калони маводи мухаддирро интиқол дода, ба қочоқбарони тоҷик супориданд.
Пас аз супоридан яке аз қочоқбарони афғон, ки ному насаби ӯ бо сабаби халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот фош карда намешавад, дастгир шуд.
Гурӯҳи таъйиноти махсуси қӯшунҳои сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД барои пешгирӣ намудани интиқоли маводи мухаддир аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешиданд.
“19 феврали соли равон соати 22:40 дар минтақаи наздисарҳадии Хирманҷои ноҳияи Шӯрообод мошини сабукрави тамғаи Лексус барои тафтишот боздошт шуд, ки аз бағочи он 56 кг 508 гр маводи нашъа, аз ҷумла 9 кг 430 гр ҳашиш, 965 гр афюн ва 46 кг бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Инчунин чор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи қочоқи маводи мухаддир дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Аз қочоқчиён 2 таппончаи тамғаи ПМ, 4 тирдон, 32 тири тамппончаи ПМ ва 8 телефони мобилии гуногунтамға дарёфт гардид”,-зикр намуд сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва илова кард, ки дар оянда низ аз тарафи сарҳадбонони тоҷик барои мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ ва мубориза бо қочоқчиёну вайронкунандагони сарҳад чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд.
Дар робита ба ин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» раддия равон намуд, ки дар он сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, генерал-майор Мустафо Рустамзода нашри ин хабар дар расонаҳоро, ки гӯё чор корманди ин раёсатро дар вилояти Хатлон боздошт карда бошанд, бе ягон далелу асос номидааст.

Февраль 23, 2016 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд