Боздошти гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ
Душанбе, 22.02.2016 (АМИТ «Ховар») — Суди шаҳри Душанбе шаҳрвандон Саидов Р.М, соли таваллудаш 1982, зодаи деҳаи Далёни ноҳияи Ғончӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷалолов Б.И, соли таваллудаш 1977, зодаи деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Почоев Ф.М, соли таваллудаш 1974, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Озодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Гулов И.М, соли таваллудаш 1984, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва Ятимов М.Х, соли таваллудаш 1985, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдатро ба содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 200, 289 ва 347-и Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда гунаҳкор дониста, бо ҳукми худ Р.Саидовро ба муҳлати 20 сол, Б.Ҷалоловро ба муҳлати 17 сол, И.Гуловро ба муҳлати 16 сол, Ф.Почоевро ба муҳлати 14 сол ва М.Ятимовро ба муҳлати 1 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шахсони бо ҳукми суд маҳкумшуда, 14-уми ноябри соли 2015 зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шуда буданд. Кормандони КДАМ зиёда аз 40 кило маводи «героин» ва 17 ҳаби психотропии «экстазӣ»-ро аз мошини «Мерседес» таҳти идораи Б. Ҷалолов дарёфт намуда, сипас мувофиқи нишондоди Б. Ҷалолов дар мағозаи «Далён» аз борхалтаи шахсии Ф. Почоев 990 ҳаби психотропии «экстазӣ»-ро дарёфт ва мусодира карданд. Ҳангоми таҳқиқи минбаъда муайян шудааст, ки шаҳрвандон Р. Саидов, И. Гулов ва М. Ятимов низ дар ин ҷиноят даст доштаанд. Онҳо ҳамчун гурӯҳи муташшакил бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир машғул буда, вале ба ҳадафи худ нарасиданд, ки дар натиҷа аз беҳтарин неъмати инсон-озодӣ маҳрум шуданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






