Бунёди кӯдакистон барои 240 кӯдак

Февраль 12, 2016 08:25

Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар кӯчаи Озодии маҳаллаи “Чорчароғ” -и шаҳри Хуҷанд муассисаи таълимии томактабӣ барои 240  кӯдак ба истифода дода мешавад.

Кӯдакистони мазкур то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, 50 нафар бо ҷои кор таъмин мегарданд.

Аз рӯи лоиҳа намуди зоҳирии муассисаи мазкур  ба кӯдакистони президентӣ шабоҳат дошта, аз 3 ошёна иборат аст ва дар ошёнаи саввум гурӯҳҳои забони англисӣ, русӣ ва компютерӣ ҷой дода мешаванд. Фармоишгари сохтмон Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки  то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 3 ҳазор кӯдак дар шаҳри Хуҷанд боз се кӯдакистони дигар низ  ба истифода дода мешавад.

 

Февраль 12, 2016 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад