Чаро мардон ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат карданд?

Февраль 2, 2016 11:58

Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар») .- «Аз нимсолаи дуюми соли 2015 дар кумита утоқи равоншинос ва телефони боварӣ фаъолият мекунанд, ки то ба имрўз 64 нафар аз ҷониби масъулин дар он ҷо қабул шудаанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Қосимзода Идигул Тағо ироа намуд.
Бино ба гуфтаи равоншиноси кумита Дилбар Муродова 5 корманди кумита курсҳои равоншиносиро гузашта, имрӯз ба корафтодагон маслиҳат медиҳанд. «Онҳо дар мавриди хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ муроҷиат мекунанд. Аз 64 муроҷиаткарда 17 нафар мард мебошад. Мардон низ барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ, мушкилоти оилавӣ ва дарёфти ҷои кор муроҷиат мекунанд»,-илова намуд Д.Муродова.
Ба гуфтаи масъулини кумита ба онҳо ноболиғон низ муроҷиат мекунанд ва аслан ноболиғон бо мушкилии бӯҳронҳои вобаста ба синн муроҷиат мекунанд.
Тавассути телефони боварӣ 18 нафар ва дар давраи ҳисоботӣ ба марказҳои иттилоотӣ — машваратии шаҳру ноҳияҳо 8 ҳазору 841 нафар муроҷиат намудаанд.

Февраль 2, 2016 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд