Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба таҷлили рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд.
Тавре ки сардори Маркази матбуоти кумита Ориф Нозимов хабар дод, дастаҳои варзишӣ бо ҷалби афсарони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои алоҳида ва қисмҳои ҳарбии кумита мукаммал гардида, барои тақвият додани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ, баланд бардоштани омодагии ҷисмонӣ, ки ба ин васила ҷасорату зиракии онҳо тақвият меёбад, байни худ қувваозмоӣ менамоянд.
Қобили зикр аст, ки дастаҳои варзишӣ аз рӯи мусобиқаҳои футболи хурд, волейбол ва ғайраҳо қувваозмоӣ намуда, дар интиҳои чорабинӣ бо мукофотҳои роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






