Дар Душанбе шуъбаи махсуси АНМН кушода шуд
Душанбе, 09.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-9 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи шуъбаи махсуси Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ баргузор гардид, ки дар он директори агентӣ Салимзода Шерхон Одина, Сафири навтаъйини ИМА дар ҶТ Элизабет И. Миллард, Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, намояндагони Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҶТ, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва идораҳои зиддимухаддиротӣ ширкат варзиданд.
Бинои нави шуъбаи махсуси Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии агентӣ бо дастгирии молиявии ИМА дар асоси созишномаҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба истифода дода шуд.
Меҳмонон бинои нави дуошёнаи шуъбаи махсуси Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии агентиро аз назар гузарониданд, ки он бо техникаи ҳозиразамон ва техникаи махсус таҷҳизонида шуда, дорои утоқҳои корӣ, утоқҳои махсуси муҷаҳҳази таъйиноти ихтисосӣ, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва утоқҳои маишӣ-хизматрасонӣ мебошад.
Инчунин дар доираи ин лоиҳа ба агентӣ 5 мошини сабукрави хизматӣ дода шудааст.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






