Дар Паёми Пешвои миллат заковати фитрӣ ва неруи тавонои сиёсатмадорӣ баён гардидааст
Душанбе, 27.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ислоҳоти ҷиддии сохториро дар самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат оғоз намуда, бо қабул ва татбиқи як силсила барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳои судманд барои татбиқи нақшаҳои азими рушд заминаи мустаҳкам гузоштааст. Аз ин рў, давлату Ҳукумати Тоҷикистон устувор гардидани рушди иқтисодии мамлакат ва дастгирии соҳаҳои иҷтимоиро, пеш аз ҳама, тавассути суботи иқтисодӣ, дар заминаи мустаҳкам намудани рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба роҳ мондааст. Дар баробари ин, таҳкими бахши молиявӣ, баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки таъминкунандаи рушди саноатию инноватсионии кишвар ба ҳисоб мераванд. Дар ин давра муҳлати татбиқи як зумра барномаҳои иқтисодию иҷтимоии рушди кишвар, аз ҷумла аввалин Стратегияи миллии рушд ба охир мерасад. Дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” се ҳадафи асосии рушди иқтисоди миллӣ ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок боқӣ монда, ин ҳадафҳо сифатан нав карда мешаванд.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ин ва дигар нуктаҳо бори дигар ишора ва таъкид шуданд. Воқеан, дар Паёми пурмуҳтавои Роҳбари давлат бори дигар заковати фитрӣ, неруи тавонои сиёсатмадорӣ, сарфаҳмравии амиқ ба масъалаҳои мураккаби иқтисодиёту иҷтимоиёт, пайдо карда тавонистани роҳҳои пурсамари ҳалли мушкилоти умдаи давлат ва ҷомеа баён гардиданд.
Пеш аз ҳама, Пешвои миллат ба зуҳуроти хатарноки асри нав терроризм ва экстремизм ишора намуда, ҳамчун давоми сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҷавононро аз таъсири манфию хатарноки он ҳушдор дода, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Боиси тазаккур аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи соҳаи саноат дар рушди иқтисоди миллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва гузаштан ба шакли саноатию инноватсионии рушд баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки асоси рушдро истифодаи технологияҳои каммасраф ва татбиқи усулҳои пешрафтаи идоракунӣ таъмин менамояд.
Чуноне мушоҳида мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти калон медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо чораҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ба ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дод, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омўзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал забонҳои русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.
Дар ҳақиқат, ояндаи мамлакат аз фаъолияти омўзгор ва рушди илму маориф вабастагии зиёд дорад. Тавре ки Сардори давлат иброз намуд: «Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Дар иртибот ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шахрвандӣ муроҷиат карда, таъкид намуд: «Барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандўзӣ ва касбу ҳунаромўзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд».
Чунин таъкидҳои Пешвои миллат барои роҳбарият ва устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон қутбнамо ва барномаи амалу фаъолият буда, онҳо дар такя ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош менамоянд, ки дар рушду инкишофи илму маорифи кишвар ва тарбияи ҷавонони бонангу номус ва соҳибмаърифату ватандўст нақши муассири худро гузоранд. Дар воқеъ, ин нуктаро бояд дарк намуд, ки истифодаи мақсадноки имконоту захираҳо барои инкишофи иқтисоди миллӣ, пешрафту шукуфоии мамлакат аз сатҳу сифати кордонӣ ва лаёқати мутахассисон вобастагӣ дорад.
Мусаллам аст, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар шароити ҷаҳони пуртазод нақшаҳои муҳими фаъолияти давлат, Ҳукумат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро возеҳ инъикос менамояд. Аз ин рў, ҳар як шахсро зарур аст, ки дар асоси ин Паём барномаи амалу фаъолияти худро таҳия намуда, дар таъмини пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми муносиб гузорад. Ин вазифаҳои муҳим ва пуршарафро мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона иҷро менамояд.
Қодирзода Диловар Баҳридин
ректори Донишкадаи соҳибкорӣ
ва хизмати Тоҷикистон