Дар Шуғнон як қочоқчии маводи нашъаовар дастгир гардид
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар асоси нақшаи чорабиниҳо байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Бадахшон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Хоруғ”-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ тибқи маълумоти фаврӣ дар наздикии деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши убури сарҳади давлатӣ як сокини деҳаи Шидвучи улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда як халтаи полиэтилении рангаш кабуд, ки дар дохилаш моддаи хокамонанди сабзчатоби кулӯлашакли дорои бӯи махсус мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира гардид.
Мутобиқи маълумотномаи озмоишгоҳи ташхиси судии Раёсати агентӣ дар ВМКБ маводи мусодирашуда ба моддаи нашъаовари навъи ҳашиш тааллуқ дошта, вазни холиси он 1 кг 103 граммро ташкил медиҳад. Инчунин ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз соҳили дарёи Панҷ як камераи мошини боркаши калон бо чор бочкаи пластмасии рангашон зарди 20 литра ва як белчаи чӯбин дарёфт гардид.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.
Инчунин аз тарафи кормандони шуъбаи агентӣ дар ноҳияи Мурғоб дар ҷамоати Рангкӯл як силоҳи оташфишон мусодира гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






