Дар соҳаи саноати кўҳӣ муҷаҳҳаз гардонии таҷҳизоти истихроҷ ва коркард амалӣ шуд
Душанбе, 6.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Таваҷҷуҳи сармоягузорон ба ҳамаи соҳаҳои саноат бештар гардида, онҳо ба маблағи 3 млрд. 538 млн. сомонӣ сармоя ворид намуданд. Ин имконият дод, ки соҳибкорони тиҷоратӣ фаъолияташонро ба самти истеҳсолӣ табдил диҳанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода иттилоъ дод.
Дар соҳаи саноати кўҳӣ муҷаҳҳаз гардонии таҷҳизоти корхонаҳои истихроҷ ва коркард амалӣ шуда, консентрати мисс ва қалъагӣ бори аввал бо усули бойгардонии гравитатсионӣ ва флататсия истеҳсол карда шуд.
Бино ба гуфтаи вазир, оянда фабрикаи мазкур корхонаи металлургии истеҳсоли миси холис ва қалъагиро бунёд менамояд.
«Дар заминаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи консентрат, бо истифода аз таҷрибаи ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб», ки аввалин шуда ба истеҳсоли металли холиси сурмаи бо тамғаи (СУ-0) шурўъ кард, татбиқ намудани технологияҳои ба таври комплексӣ ҷудо намудани металлҳои нодири омехта, ки метавонанд манбаи иловагии занҷири арзиши иловашуда бошанд ташкил карда мешаванд”,-илова намуд Ш. Бобозода.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






