Дар ҷумҳурӣ 34 муассисаи мустақил ва 4 филиали таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дорад

Февраль 6, 2016 07:31

Душанбе, 6.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар соли 2015 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро 11,7 ҳазор нафар мутахассис хатм намуд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 7,7 ҳазор нафар ё 65,8 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Хатми мутахассисон, ки аз рўи қарордод таҳсил кардаанд, ба 5,0 ҳазор нафар расида, 42,7 фоизи шумораи умумии хатмкардагонро ташкил медиҳанд.
Дар оғози соли таҳсили 2015/2016 дар ҷумҳурӣ 34 муассисаи мустақил (донишгоҳҳо, донишкадаҳо, академияҳо) ва 4 филиали таҳсилоти олии касбӣ фаъолият намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд.

Февраль 6, 2016 07:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд